Тӯдаи риёкорон доимо домани хурофот мегиранд. Ба ақидаҳои бегона таасуб мекунанд. Ва инро ба дигарон талқин намуда, аз пайи пайдо кардани муридон мешаванд.
Соиби Табрезӣ мефармояд:
Маҷӯ мулоимат аз мардуми хасисниҳод,
Ки бӯи гул зи хасу хор барнамехезад.
Воқеан ҳам, дар омузиши донишҳои техникӣ нафаре хасис шавад, танҳо гирифтори хурофоту таасуб мешавад. Ва танҳо ба хасу хор шабоҳат пайдо мекунад.
Илмҳои геология ба омузиши сарватҳои куҳистон ва зеризаминӣ машғул аст. Кӯҳсори мо ҳанӯз бикр аст. Фикр мебояд барои донистани асрори табиат, на тақлиди куркӯрона ба қиссаҳои хурофотӣ.
Сангҳои қиматбаҳо, маъданҳои куҳӣ, маводи сохтмонӣ, маҳсулоти нафтӣ решаи иқтисод мебошад. Аз худ кардани ин бойигарӣ дониши амиқи техникӣ тақозо мекунад. Ба худою расул гуфтан, сарватҳои табиат худ ба худ домани моро пур намекунад. Ин чанде аз муллотарош аст, ки домани моро ба чормағзи пуч пур карда фасонапардозӣ мекунад:
Ба маҳфиле ки хушомад фасонапардоз аст,
Зи хоб давлати бедор барнамехезад.
Оре, ҳақ ба ҷониби Соиби Табрезӣ аст, ки маҳфили хушомад танҳо фасонапардозӣ аст. Карахти хоб мекунад.
Физика, химия, математика, геометрия, биология барин фанҳои дақиқро аз овони мактабӣ дақиқ омухта шуълаи шавқро дар ниҳоди наврас бояд шуълавар намуд. Фазои солими ҷомеа дар ҳолате ба вуҷуд меояд, ки аз хурофоту таассуб ва мазҳабгароӣ раҳоӣ ёбем.
Аз ин хотир то ҳол иддае аз пайравони наҳзати ислом байни ҷавонон тухми таасубу хурофот ва ақидаҳои мазҳаби бегонаро мекоранд.
Сояи ҳар хорбун сайёди домафканда аст,
Оҳуи мағрурро бингар, ки ғофил меравад.
Воқеан ҳам, зумрае ҷавонон дар ғояти таасубу хурофот ба ҳар ақидаҳои бегона печида аз он ғофил мемонанд, ки ба доми гуруҳи тундгароёни исломӣ афтодаанд.
Чеҳраи ҷавони имруза бояд кушода ва гиреҳе набояд бошад дар ҷабинаш. Ба дасту дили гарм пайи ободии Ватан шавад, ки таҳкимбахшии Истиқлолияти Тоҷикистон бешубҳа аз садоқат ва ҳиммати ҷавонон бастагӣ дорад.
Шабҳоро ба мутолиаи китоб ва навиштани рисолаҳои илмию ахлоқӣ руз карда, ҷавон аз банди ғам раҳо мегардад ва тавре Соиби Табрезӣ фармудааст:
Ба дасти ғам нашавад мубтало гиребонаш,
Касе ки домани шабро зи даст нагзорад….
Бузург ӯст, ки бар хок ҳамчу сояи абр,
Чунон равад, ки дили мӯрро наёзорад,
Ту бар хилофи бадон тухми некномӣ кор,
Ки ҳар кас он даравад аз ҷаҳон, ки мекорад.
Нозири Нурмат,
муаллими калони кафедраи гелогия
ва корҳои нафту гази ДКМТ