ОҲИ ҲАСРАТИ ТАБЛИҒГАРОНИ ТЭТ ҲНИ

    Дар сомонаи маркази таҳлилу иттилоотӣ маводи ҷомеашинос Бобоҷони Хайриддин мавриди мутолиа қарор гирифт, ки басо нуктаҳои ҷолибро фарогир аст: “Агар аз мутолиаи хабару гузоришҳои шабакаи иҷтимоии Фейсбук пештар хушам меомад, аммо солҳои охир саропо ин саҳифаҳоро суханҳои подарҳаво ва беасосу гумроҳкунандаи аъзоёни ТЭТ ҲНИ, махсусан, Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов, Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов, Мирзо Салимпур ва дигар думравонашон фаро гирифтааст, ки ин амалашон ба нафрати сокинони мамлакат ғӯтавор шудааст. Ин гурӯҳҳои беватанону хоинон дар саҳифаҳои “Паймони миллии Тоҷикистон”, “Ахборком”, “Ислоҳнет” ва ғайраҳо бо истифода аз суръати баланди интернет мардумро олудаву заҳролуд ва гумроҳ сохта, бар зидди ҳукумати кунунӣ баромад ва корҳои таблиғотии ношукронаи худро идома медоданд, ки нобахшиданист.Ҳарчанд ки болоравии нархи интернет дар Тоҷикистон бисёр гарон нест аммо аз қисмати болоравии он моҳҳост, ки онҳо ҳангома сохта, мехоҳанд, бо бардоштани (гӯё) ин муаммо ба дили мардум роҳ ҷӯянд, дар ҳоле, ки ин хиёнаткорони Ватан, махсусан, Илҳом Ёқубов яке аз ватанфурӯшони асил маҳсуб хоҳанд ёфт…

Истифодаи интернет ҳарчанд барои ман, махсусан, ба оилаи сатҳи миёна ягон мушкилӣ ё зарари моддиву маънавии зиёдро эҷод намекунад, аммо аз якчанд ҷиҳат метавонад даъвату таблиғоти пасипардагӣ ва хиёнаткоронаҳои ТЭТ ҲНИ-ро зери хок барад ва аз ҷониби дигар нафъи бештар ба мардуми солимфикри мо расонад. Чунончӣ:

Якум. Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терро­ризм ин аз ҷониби ТЭТ ҲНИ васеъ истифо­да гардидани технологияҳои муосири иттило­отӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстре­мистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёфту меёбад. Аз ин лиҳоз, тағйири нарх яке аз қанотҳои асосии ин ватанфурӯшони беномусро шикаст дод ва минбаъд наметавонанд назди хоҷагони хориҷиашон ҳисоботи асоснок пешниҳод намоянд. Аз ҷониби дигар, баромадҳои онлайнӣ ва интернетии онҳо натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод.

Дуюм. Илҳом Ёқубов ҳамчун гадо ва яке аз лӯлиёни талбандаи кишварҳои хориҷӣ чӣ ҳуқуқ дорад, ки аз ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, васоити ахбори омма, муассисаҳои давлатӣ, рӯшанфикрон, олимону адибон ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамовозӣ металабад? Дар ҳоле, ки худ заррае аз интернети Тоҷикистон истифода намебарад ва аз ҷониби дигар гӯё бе интернет муҳоҷирони меҳнатӣ ба вазнинтарин рӯз гирифтор мешаванд. Бояд донист, ки Тоҷикистон ғайр аз фароҳамии интернет дигар имкониятҳоро низ ба шаҳрвандон пайдо сохтааст, ки тавассути рақами NGN ва ё худ интернет озодона занг зананд ва ё муоширати озоди ройгон намоянд ва ғайраҳо… Иддае аз болоравии нархи интернет боз ҳам истифодабарандаи онро ба самаранокӣ ва мақсаднокии он ҳидоят месозад…

Сеюм. Тибқи маълумоти таҳлилгарон солҳои охир наздик 1,6 миллион ё 19 % аҳолии Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд, ки тавассути он маводи зиёди дорои хусусияти ифротӣ ва таблиғкунандаи терроризму экстремизм дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд паҳн мешаванд. Аъзоёни ин ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъшуда пинҳонӣ ё тариқи ошкоро тавассути шабакаҳои иҷтимоии “фейсбук”, “вайбер”, “одноклас­сники”, “твиттер” ё дигар сомонаҳои ғайрирасмӣ ҷавононро бо роҳи фиреб ва бо истифода аз қишри ҷавонони камсавод, бекор, муҳоҷирони меҳнатӣ, заифирода ва дорои маърифати пасти диниву дунявӣ доштаро даъват намуда, ба гумроҳӣ ва хиёнаткорӣ мебаранд. Бештари ҷалб шудани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо тариқи воситаҳои интернетӣ сурат мегирад. Аз ин лиҳоз, ба суханҳои иғвоангези онҳо ҷавоби сазовор бояд дод. Суръати баланди иттилоот ва технологияи интернетӣ дар муошират, дар фурсати кӯтоҳ дастрас, қабул ва ирсоли маълумоту иттилоот ва баланд намудани суръати кору фаъолият кӯмак расонида, ба шаҳрвандони чӣ дохилӣ ва хориҷи кишвар хизмат мерасонад. Аммо, баробари осон намудани кору фаъолият ва нишондодҳои мусбӣ таъсири манфӣ ҳам расонида метавонад. Чунончӣ, бо ҷустуҷӯи маълумотҳо ба сомонаҳои ғайрирасмӣ ворид шудан маълумотҳои бардурӯғу асоси воқеӣ надошта, даъват ба таҳсилҳои ғайриқонунӣ, кори музднок тавассути интернет ва дигар хабару маълумотҳои бардурӯғу шубҳанокро зиёд рӯ ба рӯ шудан мумкин аст. Роҳ ёфтани бештари ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ тавассути шабака­ҳои иҷтимоӣ мебошад, ки баъзан ҷавонон ҳанӯз ҳам маълумоти дурустро аз нодуруст ё дурӯғу шубҳанокро фарқ карда наметавонанд, ки боис ба шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мешаванд. Ҷавоно­ни мо бояд дар навбати аввал фаромӯш насо­занд, ки дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ бо кӣ хамсӯҳбат доранд ва чӣ мақсаду ҳадафҳо доранд. Илҳом Ёқубов низ яке аз ин қабилҳост…

Чорум. Барои террористон махсусан, ТЭТ ҲНИ Интернет нисбат ба дигар расонаҳо бартарии зиёд дорад: дастрасии осон; камназоратӣ; имконияти бемаҳдуд барои аудитория; зудпаҳншавии иттилоот; махфияти тамосбароӣ; камарзишии кор дар он ва ғайра.

Айни ҳол ташкилоҳои террористӣ, махсусан, ҲНИ худро дар Интернет муаррифӣ кардаанд. Чун сомонаҳои онҳо ногаҳон пайдо мешаванд, биёр вақт шаклашонро дигар мекунанд ва баъдан ногаҳон аз нав нопадид мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳо ин нопадидшавӣ намоишкорӣ аст, зеро танҳо суроға дигар мекунанд, муҳтавои маводашон чизе буд ҳамон мемонад. Мақсади ин хиёнаткорон-террористон метавонанд ҳаршаклу ҳарранг бошанд. Аммо мақсади асосии онҳо ба мафкураи одамон ҷо кардани ваҳму тарс, бедор намудани ночорӣ дар назди амалҳои террористӣ аст.

Панҷум. Ҷанбаи дигар кори идеологҳои ТЭТ ҲНИ дар лонаи интертетӣ кушодани ячейкаҳои террористӣ аст, ки онҳо тибқи барномаҳои тарҳрезишуда онҳоро дар кишварҳои гуногун амалӣ месозанд, байни ячейкаҳои аллакай ниммахфӣ амалкунанда алоқа барқарор менамоянд. Ҳамзамон, тавассути сомонаҳои худ ҷалб кардани одамон ба сафи ҳаракатҳои террористӣ ва иштирок дар ҷангҳои мусаллаҳона дар кишварҳои ҷангшудаистода: Сурия, Ироқ, Афғонистон.”

 Воқеан ҳам мутолиаи китоб ва муоширати воқеӣ дар ҳалқаи ҳамкорону дустон касро дунёи маънавии дигар медиҳад. Лиҳозо, оҳи ҳасратро суе гузошта пайи такмили маърифат ва ғанӣ гардонидани олами ботинии худ бояд шуд.

 

Шуҳрати Кенҷа, омузгори ДКМТ