Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада Startup “CHoikhona” барои донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид. Семинари мазкурро декани факултети иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ дотсент Саидов Мустафохон ифтитоҳ намуда, мақсаду маром ва ҳадафи семинари имрӯзаро ба донишҷӯён фаҳмонида, арз намуд, ки ин семинари омӯзишӣ дар доираи Лоиҳае дар пайи ҳамкории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо дафтари Созмони миллали муттаҳид амалӣ мегардад.. Сипас, бо мавзӯҳои мухталиф аз рӯи барнома семинарро Нисо Маҳмудова, Суҳроб Охунҷонов, Шаҳзода Эшонова идома доданд.
Қайд намудан зарур аст, ки Startup “CHoikhona” бо дастгирии барномаи рушди Созмони миллали муттаҳид дар вилояти Суғд ва USAID амалӣ мегардад ва роҳкушои хубест барои тоҷирони оянда дар кишвар. Ёдовар мешавем, ки ҳадафи ин лоиҳа баланд бардоштани тафаккури молиявӣ ва омӯзонидани роҳҳои оғоз намудани тиҷорат бо имкониятҳои камтарин мебошад.