Имрӯз дар варзишгоҳи кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандии донишкада ба чорабиниҳои варзишӣ оғоз бахшида шуд.
Дар маъракаи ифтитоҳии бахшида ба ҳафтаи варзиш дар донишкада ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ширкат намуда, мусобиқоти варзиширо ҳусни оғоз бахшид.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим суханронӣ намуда, иброз дошт, ки машғул шудан ба варзиш аз ҳама аввал ба саломатии инсон муфид аст ва барои машғул шудан ба варзиш дар донишкада ҳама шароит фароҳам оварда шудаасту омӯзгорон бояд донишҷӯёнро дар ин рӯҳич тарбия намоянд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ ҳамчунин раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада Давлатзода Давлат, декани факултети металлургия ва зеҳни сунъӣ Шамсиддинов Шӯҳратҷон, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Насриддинов Шаҳбоз ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат намуданд.
Дар рӯзи аввали мусобиқот дастаҳои волейболбозони донишкада байни ҳам бозии рафиқона анҷом доданд.