Оғози таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ҶДММ “Петролеум Суғд”

Имрӯз, тибқи нақша-чораинии тасдиқгардида, донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси 510202т ба таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ фаро гирифта шуданд. Субҳи ҳамин рӯз донишҷӯёни мазкур зери роҳбарии Мирбобоев Шӯҳратҷон омӯзгори кафедраи геология ва корҳои нафту газ ба ҶДММ “Петролеум Суғд” сафарбар гардиданд.

Дар корхонаи истеҳсолии “Петролеум Суғд”, ки ба истеҳсол ва коркади нафт ва маводи сӯзишворӣ машғул аст, директори генералии корхона донишҷӯёнро ба ҳузур пазируфта бо онон мулоқот анҷом дод.

Сипас, донишҷӯёнро мутахассисони корхона ба коидаи техникаи бехатарӣ ва дигар ҳолатҳои муҳим ошно намуда, онон аз қайд гузарониданд.

Ёдовар бояд шуд, ки тибқи супориши ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳама таҷрибаомӯзиҳои донишҷӯён дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва филеалҳои кафедраҳо дар корхонаҳо мегузаранд.

 

Шуъбаи иттилоот