Оғози таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаи “Норд Азим Металл”

Дирӯз, донишҷӯёни кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ Воҳидҷон Облоқулов таҷрибаомӯзии пеш аз рисолаи хатмро дар корхонаи  ҶСП “Норд Азия металл”-и ноҳияи Спитамен гузарониданд.

Дар корхонаи мазкур дар рӯзи аввал донишҷӯён бо ҷараёни корҳои истеҳсолӣ шинос шуда, бо намояндагони корхонаи мазкур мулоқот намуданд. Дар ин сафар донишҷӯёнро ҳамчунин омӯзгори дигари ҳамин кафедра Раҳматов Абдумавлон низ ҳамроҳӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён, то охири моҳи март идома пайдо менамояд. 

Таъкид намудан зарур аст, ки тибқи супориши ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ тамоми кафедраҳои тахассусии донишкада дар назди корхонаҳои истеҳсолӣ филиалҳои худро боз намудаанд ва кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ низ дар ду корхонаи саноатӣ филиалҳои худро ифтитоҳ намудааст.

Шуъбаи иттилоот