Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози Дарси сулҳ ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёнро раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода тамоми омӯзгорону донишҷӯёнро табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки саҳми Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар рушди соҳаи саноат назаррас мебошад.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ҳозиринро ба оғози соли хониш табрику таҳният намуда, сипас номаи табрикотии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба соли нави хониш ба самъи ҳозирин расонид. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст меҳмононро хайрамақдам гуфта, сипас ҳозиринро ба оғози соли нави хониш табрик намуд ва таъкид кард, ки саҳми Пегвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди маориф басо бузург аст.
Баъдан, тамоми кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мустақиман тамошо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар чорабинии баргузоргардида бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба як қатор фаъолон диплом ва медалҳои сарисинагӣ тақдим карда шуд.
Қобили зикр аст, ки дар чорабинии бошукӯҳ ҳамсунин роҳбари намояндагии Маркази миллии тестӣ дар вилояти Суғд Неъматзода Ромиш ва дигар меҳмонон ширкат варзиданд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯён дар оғози соли таҳсил барору комёбиҳо ва хониши аъло таманно намуд.