Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада намояндагони барномаи рушди Созмони миллали муттаҳид дар вилояти Суғд Сафоева Карина ва Эшонова Шаҳзода ба донишҷӯёни бахшҳои якум, дуюм, сеюм ва чаҳоруми факултети иқтисодиёти саноатӣ Стартапи “Чойхона” семинари омӯзишӣ гузарониданд.
Семинари омӯзиширо декани факултети иқтисодиёти саноатӣ Саидов Мустафохон ифтитоҳ намуда, мақсаду маром ва ҳадафи семинари имрӯзаро ба донишҷӯён фаҳмонида, арз намуд, ки ин семинари омӯзишӣ дар доираи Лоиҳае дар пайи ҳамкории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо дафтари Созмони миллали муттаҳид амалӣ мегардад.
Сипас, аз рӯи барномаи аввал Сафоева Карина ба донишҷӯён маърӯза хонд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи ин лоиҳа баланд бардоштани тафаккури молиявӣ ва омӯзонидани роҳҳои оғоз намудани тиҷорат бо имкониятҳои камтарин мебошад.
Шуъбаи иттилоот