Айни замон, дар толори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоатчигии шаҳри Бӯстон оғоз гардид.
Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ба кори худ шурӯъ намуд.
Айни замон муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансур вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик” дар мавриди истифодаи оқилонаву сарфакоронаи нерӯи барқ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ибрози назар намуда истодааст.
Дар назар аст, ки дар мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ӯрунхоҷаев 15 Мирзоанвар Ахмедов андешаронӣ хоҳад намуд.
Дар мулоқоти имрӯза, мудири шуъбаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов, муовини якум ва муовини раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонону бонувони фаъол, раисони маҳаллаҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ ширкат доранд.