ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДОИР БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАЪМИНИ ҲИФЗИ ОН БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Дар ин авохир ба амри анъана ворид гардидааст, ки ҷумла сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зикри номи президент даставвал ӯро “Асосгузори сулҳу ваҳдат ва …”-гӯён ёдовар шуда, пас фикрашонро баён менамоянд. Ин беасос набуда, худ решаи арзандаеро дорст. Оре, аз ҳамон рӯзи аввале, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси раиси он интихоб карда буданд мавсуф аз баромади аввал ба тамоми матонату ҷасораташ баён карда буд, ки “Ман барои Ватанам сулҳро меорам”.

Дар ҳамон замон барои кишвари соҳибистиқлоли ҷавон чунин раҳбари сиёсӣ, шахсе лозим буд, ки ҳамин гуна хираду матонат дошта бошад. Дар воқеъ давлату миллати мо дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ роҳбареро пайдо намуданд. ки бо самимияти беназир, бо рӯҳияи милливу ватанпарастӣ, ормонҳои демократӣ, вазифаи  сарвариро ба зимма гирифта буд. Нахустин изҳорот ва аввалин баёнияҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ояндаи неки халқи кишвар башорат медоданд. (Садои мардум, 14. 04.2005с)

Бо дурбинию пешгӯиҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷаласаи XVI Шӯрои Олӣ як силсила санадҳои ҳуқуқӣ ва сохторӣ таъсис дода шуданд, ки дар ҳамон асос чандин сохторҳои нави давлатӣ ва ҳукуматӣ таҳким ёфта, ба фаъолият шурӯъ намуданд. Раиси нави Шӯрои Олӣ Э.Раҳмон хуб медонист, ки таҳким додану фаъол гардидани сохторҳои нави давлатдорӣ бе созишу дастгирии ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ кори саҳл намебошад. Чунки дар дохили Тоҷикистон намояндаҳои миллатҳои Федератсияи Руссия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигарон сукунат доштанду рӯи майл ба сӯи кишвари худ мекарданд. Биноан Э. Раҳмон кореро анҷом дода буд, ки ба шӯроҳои олии Федератсияи Руссия ва Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигарон муроҷиат намоянд, то ки дар кори устувор кардани давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон мададу дастгириашонро дареғ надоранд ва қувваҳои ҳомии сулҳро ба ин кишвар фиристонанд. Чунки дар кишвари мо дар асари низоъҳои дохилӣ, бо кӯмаку балегӯиҳои мамолики дигари хориҷ ҷангҳои бемаънии бародаркуш вуҷуд доштанд. Эмомалӣ Раҳмон ба хотири хотима додани ҷангҳои байниҳамдигарӣ, ҷилавгирии фоҷиаи минбаъда ва талафоти моливу ҷонии шаҳрвандон, костаёфтани асосҳои иқтисодиву сиёсӣ ва ба даст овардани боварии умумимардумӣ ба қарор омад, ки ҷанговарони раҳгумзадаи ҳар ду тараф, ки аз 27.03 то 25.11 соли 1992 бо ҳам дар ихтилоф меҷангиданд ба узри маъқул авф карда шаванд. Масъалаи баргардонидани ҳазорҳо гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ аз ҷумҳуриҳои Афғонистону Ӯзбекистону Туркменистону Руссия ба ҷойҳои аслии худ ва ё нав, таъмини иҷтимоии онҳо, замонат ба амонати бехатарии онҳо ҳама бар дӯши Раиси Шӯрои Олӣ бор гардид, ки ин кори саҳл набуд. Ҳамагон медонанд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз хатари ҷони худ натарсида ба ҳавзаи гурӯҳҳои мухолифин, ки дар вилояти мухтори Бадахшон ҷамъ омада буданд озимат карда, аввалин масъалаҳои сулҳу ваҳдатро гузошта буд. чандин маротиба ба Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон ва Эрон ба кӯраи ҷамъомади мухолифин сафар карда ба пешвоёни онҳо гуфтушунид намуд. Ин ҳама нишондоди он буданд, ки роҳбари нави давлати Тоҷикистон роҳи сулҳро меҷусту дар замина таъмини осоиштагии ҷомеаи нави ҳуқуқбунёду демократиро орзу мекард. Агар ба гуфтаҳои пешвои пролетариати ҷаҳон В.И.Ленин назар афканем, бо ҳамин маънӣ гуфта буд, ки “ба даст овардани давлат кори осон ҳасту вале раҳбарӣ намудан ба он кори мушкил аст”. Дар воқеъ вазъияти ҳамонрӯзаи Тоҷикистон аз имкони идоракунӣ берун буд. дар тӯли 2-3 сол чандин маротиба президентҳою раисони Шӯрои Олӣ тағйир ёфта буданд, ки исботи гуфтаҳои боло мегаштанд. Ҳукумати қонунии президент Р.Набиев ҳатто артиши худро надошт, вазорати умури дохила ва дигар сохторҳои қудратӣ аз итоати ӯ баромада буданд. Эмомалӣ Раҳмон барои устувор нигоҳ доштани вазъи сиёсӣ пеш аз ҳама артиши миллиро ва дар замина нерӯҳои посбони сарҳадии кишварро таъсис дод. Гузашта аз ин ҳама сохторҳои қудратиро дар асоси як тартиботи қонуни амалкунанда доир кард. Сарвари давлат вазифаи худро дар созмон додани амнияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳама соҳаҳои рушди ҷомеа медид. Гуфта буд, ки давлате, ки худро ва ҳуқуқи шаҳрвандонашро муҳофизат карда натавонад, ӯ ҳеҷ арзише надорад. Дар замони то ба сари қудрат омадани Э.Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асари маҳалгароён дучор гардида, ба пораҳо мубаддал гашта буд. Бо фазолати омадани ишон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ташкил ёфта ба нақшаҳои ягонаи марказӣ машғули фаъолият гаштанд. Яъне ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар муддати кӯтоҳ дар сар то сари ҷумҳурӣ мақомоти маҳаллии ҳоқимияти худро барқарор созад ва тартиботи қонунии конститутсиониро ҷорӣ намояд. Ҳамвора ҳама вазорату кумитаҳои давлатиро ба як низом оварад.

Баъди амалӣ шудани корҳои муҳими созандагӣ мардуми тоҷик ба эътимоди қавӣ пешниҳоди таъсисдиҳии Ҷумҳурии президентиро қабул намуда, 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати президенти хостаи мардум интихоб карданд. Имконияту шароити роҳбарӣ дар чорчубаи конститутсияи навин бо равандҳои соҳибистиқлолӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва унитарӣ будани ҷомеъа барои президенти нав самарабахш гардиданд.               

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои салоҳиятдори сиёсӣ бо номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба ҳайси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар амал мекунанд, ки дар созмондиҳии онҳо мақоми Эмомалӣ Раҳмон аввал аст. Тақвият додани ҳокимияти судии кишвар ва таъмини мустақилияти судҳо дар роҳи таъмини адолати судӣ аз хиради ҷаноби олӣ баромадааст. Ба хотири пешгирии қочоқи маводи муходир ба  кишвари мо ва интиқоли он ба  мамолики ҳамҷавор  Э. Раҳмон соли 2000-ум дар назди дастгоҳи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Агентии назорати маводи нашъаовар”-ро таъсис дод, ки пеши роҳи ҳазорон ҷиноятҳоро ҷилаавгирӣ менамояд.

Ҳамин тавр натиҷаи бузурги дастовадҳои кишвари тоҷикон дар замони истиқлолият он аст, ки мо ба сулҳу ваҳдати миллӣ расидаем. Таърих гувоҳ аст, ки дар тули муддавоми он ба ҳеҷ мақоме муяссар нашудааст, ки аз рақибони сиёсии худ дусту ҳамкасб офарида, дар паҳлуи ҳамдигар ва дар сохторҳои давлатию истеҳсолӣ ифои вазифа карда бошанд. Ба ҷуз Тоҷикистон. Ҳамин тавр саҳми бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким намудани ҳокимияти давлатӣ, истиқлолияти миллӣ ҳамон аст, ки мавсуф пеши роҳи хатари азбайнравии онро боздошт. Ҷанги бародаркушро хотима дод, сохторҳои фалачгардидаи ҳокимияти давлатиро  ҷон бахшид, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро комилан барқарор кард, Артиш ва қувваҳои сарҳадии миллиро таъсис дод, сохторҳои давлатиро бо шакли нав эҳё кард, аксари гуреза ва муҳоҷирини иҷбориро ба ватан баргардонд, ислоҳоти конститутсиониро дар ватан амалӣ кард.            

                 

М.Давлатов,  профессори кафедраи фанҳои гуманитари-   ичтимоии ДКМТ