ОШӮБГАРОН ТАНҲО ТУХМИ НИЗОЪ МЕКОРАНД

Ба хотири таъмини сулҳу субот дар кишвар тадбирҳои гуногун андешида мешавад. Аммо дар марҳилаи ҳозира даст ба тазоҳурот задани тудаи риёкорон моро ба ташвиш меорад.  

Мо аслан бояд шукри сулҳу субот ва ободиву шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлолро  намоем, ки аз замони ба имзо расидани санади такдирсози Оштии миллӣ то ба имрӯз ба василаи хидояту раҳнамоиҳои хирадмандона ва иқдомҳои ваҳдатсолоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осоиштагиву амният ва суботи комили кишвар таъмин гашта, мамлактамон хамвора қадами устувор рӯ ба рушд ниҳода истодааст.

Таассуб ва ифротгароӣ аз падидаҳои номатлуби чаҳони муосир ба ҳисоб рафта, хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Мусаллам аст, ки аҳдофи хар гуна гурӯҳ ё ташкилоти ифротгаро дар мисоли ТЭТ ҲНИ бо роҳи зӯриву истибдод ва ғайриқонунӣ бесуботу ноором намудани ҷомеа ва сарнагунсозии ҳокимияту давлат мебошад.

Модари тоҷик, ки акнун аз фироқи фарзандони дар ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ кушта шуда, каме ба зиндагии орому осоишта дилгарм шудаанд, боз бо айби душманони тоҷику Тоҷикистон фарзандони азизи худро дар хоки кишварамон аз дасти он нахалафон аз даст медиҳанд, барои марги фоҷиавии онҳо мотам мегиранд. Кӣ бояд пеши роҳи ин тамоюли ташвишоварро бигирад, нагузорад, ки бадбахтиву нооромӣ дубора болои мардуми мо ҷомеа сиёҳи худро партояд?

Боиси таассуфу нигаронист, ки тибқи маълумотҳое, ки тавассути шабакаҳои иҷтимои дастраси рӯи олам мегардад, тарафҳои мухолифин ором нанишаста ба муболиқу ташвиқи амалҳои тундгарои гашта, Тоҷикистони моро бӯҳтон зада истодаанд ва агар мо ҳар чи бештар пеши роҳи ин бадтинату авомфиребонро нагирем. Ба ҳолате оварда мерасонад, ки бархе аз ҷавонону наврасони гумроҳзадаи мо дуруст ба мисли қабл аз тарафи гурӯҳҳову шахсони алоҳидаи ТЭТ ҲНИ ба сафи гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва мисоли инҳо таҳрик гардида, шомил мешаванд ва аз нофаҳмии беш дар бархе аз ин кишварҳо ва дар худи миллати мо бар зидди қувваҳои ҳукуматӣ меҷанганд.

Ман ба он гирдиҳамои ташкилкунандагон, яъне наҳзатиҳо баён медорам, ки Шумо дар асл мансабталошу худбину ошиқи маблағҳои ҳароми хориҷиён гаштаед. Агар  ин тавр  набошад чаро  ба ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва дастовардҳои Тоҷикистони азиз бо гуфтаҳои ғаразноку дили пур аз кинаву интиқомҷӯю даъватҳои душманона ба  мардуми тоҷик муроҷиат менамоед.

Хитоби «ошӯби кампирҳо» карданатон, фикр накунед, ки он қадар содда бошад. Ин оҳи дили модаронатон аст. Ин оташи дили модароне, ки фироқи ҷигарбандони гумкардаашон аланга гирифтааст. Ин садои баландест, ки тавонмандиву бузургии ин фариштаҳои ҳаёти моро таҷассум мекунад.

Митингчиёни ҷангҷӯ ҳоло хоҳад дид, ки ин оҳи зори модарони тоҷик шумо кӯрдилону беимонҳоро аз имрӯза бештар дар ба дару бечора мекунад.

То кай ин наҳзатиҳо фарзандони ин модаронро ба доми макру фиреб ва ба оғӯши терористону нохалафон меандозанд, то кай миёни мардуми кишвар ҷудои андохта иғво меангезанд. Ин садои баланди модарон ба ин бесоминиву ҷангҷӯии наҳзатиҳо нуқтаи амиқ хоҳад гузошт.

Фурсати муносибе расидааст, ки ба онҳо бигуем: Бас аст роҳпаймоӣ! Аз амали зишт даст кашед, бештар ба обод кардани Ватан кушиш ба харҷ диҳед!

 

                                                                  Мастура Валиева, омузгори кафедраи забонҳои давлатӣ ва хориҷии ДКМТ