ОСОИШТА МЕБОЯД ЗИСТ

Дар арафаи вохӯрии ду роҳбари кишвари ба ҳам дӯсту бародар муноқишаи ба миёномада дар марзи деҳаҳои Ворух ва Оқсой моро бетараф гузошта наметавонад. Сокинони ин ду деҳа борҳо байни ҳамдигар бо роҳи мусолиҳатомез бо дахолати Хукумати ду кишвар абрҳои тираро барканор ва шуруъ ба ҳаёти осоишта намуда буданд.

Сабаби навбатии муноқиша дар чист? Оё ба корҳои ободониву созандагӣ даст задани мардуми Ворухзамин сабаби ҷангу куштор шуда метавонад? Савол паси саволҳои дигар пайдо мегардад. Аммо….. ба андешаи мо паси ин парда боз пардаҳои дигар низ ьаст.

Шояд дар роҳи ба низоъ овардани мардуми ду ҳамсоякишвар неруи сеюмӣ арзи вуҷуд дорад. Онҳо чӣ мехоҳанд? Манфиати онҳо дар чист?

Шояд онҳо гуруҳе аз «ғуломони ҳалқабаргӯш»-и Кабирианд, ки бо ҳар роҳу восита оромиву суботи ҷомеаро халалдор кардан мехоҳанд?

Ҳаргиз, мо мардуми сулҳпарвару сулҳхоҳ бо азму иродаи мустаҳкам бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин роҳ намедиҳем ва бо сухану амал ва рафтори хеш исбот менамоем, ки ҳамеша тарафдори сулҳу дӯстӣ ва бародарӣ ҳастем ва хоҳем монд.

 

Қ. Азизов, , мудири бахши тарбия