Дирӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада сардори раёсати таълим Осими Оқил бо роҳбарони гурӯҳҳои махсуси омодакунандаи донишҷӯён ба олимпиадаҳои фаннӣ мулоқот намуда, ба омӯзгорон ва донишҷӯён ҷиҳати бештар фаъол шудан дар ин самт дастури муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддинро аз ҷаласаи қаблии раёсат ба самъи ҳозирин расонид.
Сипас, Осими Оқил барои ба таври комил омода шудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳамчунин байналмилалӣ аз омӯзгорон, роҳбарони дастаҳои олимпӣ хоҳиш намуд, ки камбудҳо ва норасогие агар мавҷуд аст, зудтар муроҷиат намоед, то бартараф созем ва донишҷӯён ҳаматарафа омода шаванд.
Ёдовар мешавем, ки барои ширкаткунандагони олимпиадаҳои фаннӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ барои ҷойи аввал 10000 сомонӣ ба донишҷӯ ва ҳамин миқдор маблағ ба омӯзгор, барои ҷойи дуюм 7000 сомонӣ ба донишҷӯй ва ҳамин миқдор ба омӯзгор, барои ҷойи сеюм 5000 сомонӣ ва ҳамин миқдор ба омӯзгор, яъне роҳбари гурӯҳи олимпиада муайян намудаанд, ки ба таври мустақим ин маблағ ба ғолибон ва омӯзгорон дода мешавад.
Шуъбаи иттилоот