Дар асоси нақшаи назорати машғулиятҳои амалӣ ва озмоишӣ раёсати таълими донишкада сифат ва раванди таълимро дар донишкада ҳамеша мавриди назорат ва санҷиш қарор медиҳад. Омодасозии муҳандисон аз рӯи ихтисоси “Маркшейдрия” ба пешрафти соҳаи кӯҳкории мамлакат дар оянда мусоидат хоҳад кард. Машғулиятҳои амалӣ бо истифода аз таҷҳизотҳои муосири геодезӣ топографӣ ба роҳ монда шуда, устодон нозукиҳои ин касбро ба донишҷуён меомӯзонанд. Раёсати таълим раванди машғулияти амалии бахши 4, ихтисоси 510201-корҳои маркшейдриро, ки таҳти унвони “Гирифтани нуқтаҳои маҳал” дар ҳудуди бинои таълимии донишкада ба роҳ монда шуда буд назорат бурда, барои мукаммалтар аз худ намудан ва истифодаи босамари дастгоҳҳои муосири маркшейдерӣ ба устоди дарсдиҳанда -Тоҳиров А. дастурҳо дод.