ОРОМИИ ҶАҲОН ВА БАДХОҲИИ ҚИРҒИЗ

Ҳоло ҷаҳонро вазъияте фаро гирифтааст, ки онро мешавад бӯҳронӣ ҳам гуфт. Зеро пайдо шудани маризии КОВИД-19 шароити тасаввурнокарданиеро пеш овард. СММ аз тамоми ҷангандаҳо дар арсаи байналмилалӣ хост, то замони сабук шудани вазъи ҷаҳонӣ дар кишварҳои гуногун ҷангу низоъҳоро ба як сӯ гузоранд.

Аммо дидаву дониста дар ҳамин шароити вазнин қирғизҳои ҳамсоя аҳолии маҳаллаҳои назди сарҳадиро ноором мекунанд, ҷангталабӣ менамоянд, ки воқеан ҳам аз инсонбадбинии қирғизҳо шаҳодат медиҳад. Ба ҳама маълум аст, ки имрӯзҳо қирғизон дар замини тоҷикон сукунат доранд ва дар таърихи пайдоиш ҳам сабт шудааст, ки қирғизон бо шарофати тоҷикон соҳибзамин гардиданд. Лек қирғизҳо ин чизро нодида гирифта, кӯшиш мекунанд, ки заминҳои моро ғасб намоянд. Онҳо бештар сокинони маҳаллиро зери фишор қарор дода, талош мекунанд, то зӯран соҳиби заминҳои мо шаванд, ки мо ҳаргиз бар ин чиз иҷозат намедиҳем.

Ҳеҷ кас ҳуқуқи гирифтани заминҳои моро надорад ва он ки имрӯз қирғизҳо вазъ ноором мекунанду аҳолии маҳаллиро ба ташвиш андохт, ин воқеан ҳам ҷиноят аст, ҷинояти вазнин ва нобахшиданӣ!

Тир кушодан бар сари аҳолии осоишта ва бесилоҳ ин амали террористӣ мебошад ва инро ба таври дигар мешавад, “терроризми қирғизӣ” ҳам номид. Зеро маҳз террорист ва инсони бевиҷдон қодир аст, ки мардуми бегуноҳро зери борони тир қарор диҳанд. Пас ин қирғизҳо кистанд?

Оё мешавад пас аз ин ҳолат, қирғизро қавм ё халқияти бофарҳанг номид?

Оё пас аз ин амалҳои ношоиста мешавад қирғизҳоро узви ҷомеаи башарӣ номид?

Воқеан бо ин амалҳои худ қирғизҳо маълум карданд, ки на аз аҳли фаҳм ҳастанду на аз аҳли инсонӣ ва на аз аҳли башар. Онҳо бо ин амалашон нишон доданд, ки идомадиҳандаи кори ҳамон созмонҳои террористӣ ҳастанд ва қирғизе, ки мо дирӯз ҳамсоя мегуфтему имрӯз душмани мо гардидааст, сад дар сад террорист аст. 

Аммо зикри ин нуктаро ҳам бояд  зикр намоям, ки қирғизҳо дигар на замин, ҳатто як зарра хокро ҳам аз мо нахоҳанд гирифт.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ