
Имрӯз дар кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозии факултети электромеханика роҷеъ ба омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон семинар баргузор гардид. Дар семинари мазкур муовини декани факултети электромеханика Саидов Анвар, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз, омӯзгорони кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ ва донишҷӯён ширкат намуданд.
Дар семинари мазкур нахуст муовини декани факултети электромеханика Саидов Анвар суханронӣ намуда, роҷеъ ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша намуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз ва омӯзгорону донишҷӯён маърӯза намуданд.