Ширкати омӯзгори донишкада Мирсаидова Ф дар курси кутоҳмуддат: Пардохтҳои рақамӣ дар Ҳиндустон: рушд, инфрастрохтор ва дурнамо.

Давоми як ҳафта дотсенти  дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и. Мирсаидова Ф.А. дар курси кутоҳмуддат таҳти унвони “Пардохтҳои рақамӣ дар Ҳиндустон: рушд, инфрастрохтор ва дурнамо ” дар Ҷумҳурии Ҳиндустон ширкат намуда, давраи омӯзишӣ гузаронид. Мавсуф иттилоъ дод, ки 
дар курс системаҳои пардохтҳои рақамии Ҳиндустон омӯхта шуд. Системаи пардохтҳои рақамӣ дар давлати Ҳиндустон бо баробари рушди босуръати  технологияҳои иттилоотӣ  ва дастгирии Ҳукумат пеш рафтааст. 

Аз ҷумла ӯ илова кард, ки  Unified Payments Interface (UPI)— яке аз муҳимтарин дастовардҳо дар соҳаи пардохтҳои рақамӣ дар Ҳиндустон ба ҳисоб меравад. Он як платформаи рақамии пардохт мебошад, ки имкон медиҳад ба корбарон пули худро бо истифодаи смартфонҳо ва тавассути барномаҳои мобилӣ  ба осонӣ ва фавран интиқол диҳанд.
2. Bharat Interface for Money (BHIM)BHIM, ки ҳамчун як барнома дар заминаи UPI амал мекунад, барои беҳтар кардани дастрасӣ ва истифодаи пардохтҳои рақамӣ дар минтақаҳои дурдаст таҳия гардидааст. Ҳадафи ин барнома осон намудани  пардохтҳои рақамӣ барои одамоне мебошад, ки ба интернет ва технологияи муосир дастрасӣ надоранд…
Мирсаидова Фирӯзахон иттилоъ дод, ки дар ин давра самтҳои системаи молиявии Ҳиндустонро омӯхта бо тарҳрезӣ ва амалигардонии лоиҳаҳои иқтисодӣ шинос гардид.
Ӯ илова  намуд, ки дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҳукумат ва Бонки захиравии Ҳиндустон талош мекунанд, ки дастрасии пардохтҳои рақамӣ барои тамоми ҷомеа дар кишвар ба таври пурра таъмин шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар ин семинарҳои омӯзишӣ чандин нафар омӯзгорони донишкада аз рӯи риштаҳои мухталиф ширкат намуданд.