Тибқи нақшаи чорабиниҳои тартибдодаи раёсати донишкада оид ба иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28-уми декабри соли 2023 дар кафедраҳои донишкада як қатор семинару вохӯриҳо, машварату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд ва ҳамзамон чандин мақолаҳои илмиву оммавӣ ба нашр расонида шуд. Аз ҷумла омӯзгорони кафедраи геология ва корҳои нафту газ 36 мақола, 1 конфронсу 2 семинар баргузор намуд. Омӯзгорони кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок 17 мақола таҳия намуд ва 3 семинар баргузор карданд.
Омӯзгорони кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ 4 мақола навишта, 3 семинар баргузор намуданд. Ҳайати кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ 7 мақола навишта, 2 семинар гузарониданд.
Дар умум кафедраҳои донишкада 65 мақола навиштанд ва 10 семинар баргузор намуданд, ки дар ин бора муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин иттилоъ дод.