ОЛИМИ ДОНИШКАДА САМАДОВА ГУЛИ БО НИШОНИ “НЕРУИ АДОЛАТ” АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ТУРОН ҚАДРДОНӢ ГАРДИД

Академияи илмҳои Тӯрони Ҷумхурии Ӯзбекистон декани факултети корҳои кӯҳии донишкада, доктори илмҳои техникӣ Самадова Гули Мирҷоновнаро бо нишони “Неруи адолат” қадрдонӣ намуд.
Ин нишонро муовини Академияи илмҳои Тӯрон Аъзамова Соҳиба дар як чорабинии бошукӯҳ ба муаллима Самадов Гули тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки Самадова Гули аз бонуи фаъол, соҳиби обрӯву мақоми баланд дар ҷомеа, тарбиятгари асил ва олими муваффақ буда, барои рушди таълиму тарбия ва илмҳои техникӣ саҳми бориз дорад.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ҳамкори арҷманд Самадова Гули Мирҷоновнаро ба ин муваффақият ва қадрдонӣ табрику таҳният гуфта, ба он кас барору муваффақият таманно менамояд.