Боиси ифтихору қаноатмандии ҷомеаи меҳнатии донишкада аст, ки санаи 25.09.2020 таҳти қарори №850 аз ҷониби Президиуми Академияи фанҳои табиатшиносии Россия ба декани факултети металлургия узви Академияи фанҳои табиатшиносии Россия Умарҷонов Абдусафо Абдунаимович барои саҳми арзанда гузоштан ҷиҳати пешравии илми ихтироъкорӣ дар мактабҳои олӣ ҳамчунин омода намудани курси таълимии фанни «ибтидои назарияи муосири ҳалли масъалаҳои ихтироъкорӣ» медал ба номи А. Нобел тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки устод Умарҷонов А.А. аз соли 2015 узви Ассотсиатсияи таҳсилоти муҳандисии Россия (АИОР) ва Академияи фанҳои табиатшиносии Россия буда, то ин замон чандин маротиба барои хизматҳои шоёну назаррасашон бо мукофотҳо сарфароз гардонида шудаанд. Ба устод Умарҷонов А.А. барои ноил гардидан ба ин дастовард аз номи ҷомеаи меҳнатии донишкада табрик намуда барояшон фатҳи баланди қуллаҳои илмро таманно дорем.