Мулоқоти ошкорои ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯён

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯёни факултети металлургия ва иқтисодиёти саноатӣ мулоқот намуданд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда ифтитоҳ намуда, суханро ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дод. Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба вазъи таълиму тарбия ва дастовардҳои ду факулта сухан ронда, иброз доштанд, ки вазифаи асосии донишҷӯ ин хубу аъло таҳсил намудан, мутахассиси хуб шудан ва меҳандӯсту содиқ ба арзишҳои давлативу миллӣ будан аст. Донишҷӯёне, ки барои ҳифзи марзу буми кишвар талош менамоянд, мо бояд дастгирӣ намоем.
Ҳамчунин, аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки барои зиёд намудани малакаи касбии хеш дар филиалҳои кафедраҳо дар назди корхонаҳои саноатӣ рафта фаъолона ширкат намоянд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба деканҳои факултет дастур доданд, ки бо донишҷӯён мулоқот намоянд ва ҳар як донишҷӯро аз ҳолу аҳволаш бипурсад ва барои ҳалли мушкилоташ мусоидат намоянд.


Шуъбаи иттилоот