ОИНАИ ДУРУЯРО НАТАВОН БА ЗАР ГИРИФТАН

Айни замон мақомоти марбутаи ИМА фаъолияти ибахши тоҷикии радиои “Озодӣ”-ро месанҷанд. Зеро «Озодӣ» ба нафъи ҳукумати Тоҷикистон кор мекард” ном дорад маводе, ки дар сомонаи интернетии “Ахбор”-и Мирзо Салимпур интишор шудааст ва он боиси ин тафтишот гардид.

Дуруст аст, ки ин мавод дар бораи паёми Дейзе Синделар, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои озод/Радиои Озодӣ оид ба баррасии фаъолияти бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” аст. Тибқи маълумоти Дейзе Синделар сабаби баррасии фаъолияти бахши тоҷикии радиои мазкур дар он аст, ки мувофиқи маълумотҳои ҷойдошта ин бахши радио дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ хабарҳои нодуруст дода, дар бораи аъзои оилаи Президент ва мансабдорони баландпоя гузоришҳои тавсифӣ нашр мекунад, ба гузоришҳои интиқодии созмонҳои ғарбӣ дар бораи Тоҷикистон чашм мепӯшад ва нисбат ба ҳизби наҳзати исломӣ хабарҳои муғризона ба нашр мерасонад.

Дар мавриди хабари мазкур  метавон арз намуд, ки радиои “Озодӣ” ягон вақт маълумоти тавсифӣ дар бораи Тоҷикистон, Президенти кишвар ва дигар мансабдорони ба ибораи онҳо “баландпоя” пахш накардааст. Баръакс ҳамеша танҳо дар бораи камбудиҳои Тоҷикистон, мушкилоту муаммоҳои мамлакат маводи куллан интиқодӣ мунташир менамоянд.

Бобати защмати журналистони ин радио ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон ягон бор маълумотеро нахондем, ки ин журналистон фарз кардем, ки ба нишастҳои матбуотии мақомотҳои гуногун дар мамлакатроҳ дода нашуда бошанд ва барои ягон маводи танқидиашон зери таъқиб қарор гирифта бошанд, баръакс онҳо дар Тоҷикистон озод фаъолияти касбии худро иҷро карда метавонанд.

Сониян  радиои “Озодӣ” бо пахш кардани маълумотҳои алтернативӣ нисбат ба маълумотҳои расмии ин ё он кишвар на фикри истифодабарандаи иттилоот балки манфиатҳои давлати Амрикоро мекунанд. Радиои “Озодӣ” дастгоҳи муқтадири тарғибкунанда ва дифоъкунандаи манфиатҳои Ҳукумати ИМА дар кашмакашиҳои иттилоотӣ аст. Конгреси ИМА сарпарастии молии Радиои “Озоди” мебошад.

Нозири Нурмат, омузгори ДКМТ