ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “СОЛИ 2018-СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ” ДАР ДОНИШКАДАИ КУҲӢ-МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМБАСТ ГАРДИД

Ҳануз ибтидои соли 2018 бо иқдоми кумитаи вилоятии ҳизби халқӣ-демократии вилояти Суғд ва раёсати донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ барои дарёфти беҳтарин роҳбалади сайёҳӣ, аксу наворҳои ҷолиб, рассомон ва мақолаҳои ҷолиб барои инъикоси руйдодҳои соли сайёҳӣ ва ҳунармандӣ озмун эълон гардида буд. Тавассусти сомонаи донишкада нашр гардид ва мавоҳщои зиёде ба озмун ворид гардид.

Инак, ҳайати ҳакамон беҳтарин маводҳоро барои ҷойҳои ифтихорӣ муайян намуданд.

Маросими ботантанаи туҳфасупорӣ дар толори донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон сурат гирифт.

Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонони олиқадр ҷамъбасти озмуни тӯли як сол эълоннамудаи КИҲХДТ ва ДКМТ баргузор гашт.

Ҳайъати ҳакамон якдилона чунин қарор намуд:

  1. a) Мувофиқи натиҷаи бахши озмуни расмҳои беҳтарини манзараҳо, табиат ва расму оинҳои мардуми Тоҷикистон:
  2. Ҷои аввал ба расмҳои ба озмун ирсол намудаи довталаб Дидор Саъдуллоев муносиб дониста шавад;
  3. Ҷои дуюм ба расмҳои ба озмун ирсол намудаи довталаб Ҳабиба Даминзода муносиб дониста шавад;

III. Ҷои сеюм ба расмҳои ба озмун ирсол намудаи довталаб Фатҳиддин Насимов муносиб дониста шавад.

 

  1. b) Мувофиқи натиҷаи бахши озмуни сомонаҳои беҳтарини сайёҳии муаррификунандаи Тоҷикистон:
  2. Ҷои аввал ва ифтихорӣ ба сомонаи ширкати сайёҳии www.chimtargha.com, ки ба озмун аз тарафи довталаб Оламафрӯз Раҳмонқулов пешниҳод гардида аст, муносиб дониста шавад;

 

  1. c) Мувофиқи натиҷаи бахши озмуни барномаҳо(ГИД)-и беҳтарини сайёҳии муаррификунандаи Тоҷикистон:
  2. Ҷои аввал ва ифтихорӣ ба лоиҳаи барномаи QR-cod_Tajikistan, ки ба озмун аз тарафи довталаб Султонҷон Усмонов пешниҳод гардида аст, муносиб дониста шавад;

 

  1. d) Мувофиқи натиҷаи бахши озмуни видеосабтҳои беҳтарини манзараҳо, табиат ва расму оинҳои мардуми Тоҷикистон:
  2. Ҷои аввал ба барномаи телевизионии “Яғноб-гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон”, ки ба озмун довталаб Эҳсони Ризо ирсол намуда аст, муносиб дониста шавад;
  3. Ҷои дуюм ба барномаи телевизионии “Файзи кӯҳсор”, ки ба озмун довталаб Абдурашид Раҳимӣ ирсол намуда аст, муносиб дониста шавад;

III. Ҷои сеюм ба видоесабти ба озмун ирсол намудаи довталаб Диловар Сафаров муносиб дониста шавад.

 

  1. e) Мутаносибан ба ғолибони ҷои якум, дуюм ва сеюми озмун дар бахшҳо:
  2. Се ҳазор сомонӣ ва ифтихорномаҳои расмии КИҲХТ ва ДКМТ тақдим карда шуд;
  3. Ду ҳазор сомонӣ ва ифтихорномаҳои расмии КИҲХТ ва ДКМТ тақдим карда шуд;

III. Ҳазор сомонӣ ва ифтихорномаҳои расмии КИҲХТ ва ДКМТ тақдим карда шуд.

Тӯҳфаҳоро тақдим намуданд:

Раиси КИҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлуба

Раиси шаҳри Бӯстон Ҳошимзода Раъно

Раиси телевизион ва радиои вилояти Суғд Мунира Раҳимзода

Директори ДТДТТ ба номи М. Осимӣ Дилафрӯз Рабизода

Ректори ДДХ ба номи ак. Б. Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода

Ректори ДДҲБСТ Шарифзода М.М.

Директори ДДТТ Олимӣ Рауф

Ректори ДКМТ Фозилзода М.М

Роҳбари намояндагии телевизиони “Сафина” дар вилояти Суғд Ҳомидов Набиҷон

Мушовир оид ба ВАО бонки “Амонатбонк” дар вилояти Суғд Ҷамолиён Илҳом

Раиси КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” Комилӣ Камолҷон

Мудири шӯъбаи рушди сайёҳии МИҲД вилояти Суғд

Раҳимов Абдумаҷид Шарифович

Мудири шӯъбаи занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Раҳимӣ Фирӯза

Роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд Саидов Фирдавс Мирсироҷович