Озмуни ихтирокори ҷавон

Эълон! 

Бо мақсади, дарёфти чеҳраҳои нави лаёқатманд, ташаккули афкори солим, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ба самти илмҳои техникию дақиқ шиносоӣ бо кашфиётҳои нави илмҳои муосир ва технологияҳои пешқадам, ихтирооти илмию техникӣ ва муайян кардани беҳтарин ихтирооти донишҷӯён     Озмуни ихтирокори ҷавон баргузор мегардад.

Тартиби баргузории Озмун

Озмун бо ташаббуси бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.

Озмун дар ду давр гузаронида шуда –давраи якум дар доираи муассисаи олии касбӣ ва даври дуюм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

 

Вақти баргузории давраҳои озмун:

-давраи донишкадавӣ – моҳи апрел;

-давраи вилоятӣ – моҳи октябр;

-даври ҷамъбастӣ – моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

 

Шартҳои Озмун

Барои иштирок дар озмун иштирокчиён ба Комиссия маводи зеринро пешниҳод менамоянд:

Ихтироот, макетҳо, моделҳо, лоиҳаҳои иноватсионӣ, маҳсули эҷодӣ (патентҳо оид ба ихтироот аз рӯи самтҳо):

– Тиб, биотехнология, экология ва мониторинги муҳити зист;

– Технологияи иттилоотӣ;

– Физика. Мошинсозӣ. Технологияҳои истеҳсолӣ;

– Механиконии хоҷагии қишлоқ ва коркарди саноат;

– Сӯзишворӣ, энергетика ва технологияи каммасрафи барқӣ;

– Робототехника.

 Ҷамъбасти натиҷаи Озмун

Ҷамъбасти озмун аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

Ҷои якум:    10000 сомонӣ;   

Ҷои дуюм:   5000 сомонӣ;

Ҷои сеюм:   3000 сомонӣ.

Хоҳишмандон метавонанд,  маълумоти иловагиро  аз  Шуъбаи илм ва инноватсияи ДКМТ дастрас намоянд.