Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада бо ширкати профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ озмуни “Беҳтарин донишҷӯи ҳуқуқдон” бахшида ба эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба маърифати ҳуқуқӣ, риояи ҳуқуқи инсон ва баргузории озмунҳои, баланд бардоштани донишу малака сухан ронда, ба донишҷӯён муваффақият таманно кард.
Ҳамчунин дар ин чорабинӣ муовини декани факултети электромеханика Саидов Анвар низ суханронӣ намуда, шартҳои озмунро ба ҳозирин шарҳ дод.
Баъдан донишҷӯён аз рӯи барномаи тасдиқгардида дар озмун фаъолона ширкат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ – иҷтимоӣ баргузор карда шуд.