Донишҷӯён дар озмоишгоҳ донишҳои хешро месанҷанд

Имрӯз, зери роҳбарии омӯзгори фаъоли кафедраи металлургия Раҳимов Ҳаётқул донишҷӯёни бахши чоруми ихтисоси металлургияи металлҳои ранга дар озмоишгоҳи соҳавии кафедраи мазкур таҷрибаи амалӣ гузарониданд. Аниқтараш донишҷӯён дарси амалии хешро аз фанни “металлургияи металлҳои рангаи вазнин” дар озмоишгоҳи мазкур дар мавзӯи “Сӯзонидану оксидгардонии консентрати сулфидии мислори ҶДММ “Зарафшон ” гузарониданд. 

Ёдовар мешавем, ки дар донишкада озмоишгоҳҳо фаъол карда шудааст ва дрнишҷӯён аллакай дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ мавзӯи интихобии хешро зери пажӯҳиш қарор медиҳанж,. О донишҳои худро такмил диҳанд. 

Қайд намудан зарур аст, ки омӯзгори кафедраи металлургия Раҳимов Ҳаётқул тобистони имсод баҳри такмил додани донишҳои озмоишгоҳӣ ба шаҳри Маскав сафар намуд ва дар озмоишгоҳи донишкадаи МИССИСи Русия чандин шакли муосири бурдани корҳои озмоиширо дар шароити нав азхуд намуд ва аз рӯи барномаи комилан нав ва мутобиқ ба стандартҳои байналмиллалӣ феълан ба донишҷӯён таълим медиҳад.

Гузаронидани корҳои озмоишгоҳӣ дар донишкада ба донишҷӯён имконият баҳри фатҳи қуллаи мурод аст.

Шуъбаи иттилоот