ОДАМӢ ГАР ЯК НАФАС ҒОФИЛ ШАВАД…

Дар урфият мегӯянд, ки “Нияти нек ва кори хайр ҳайвонро низ одам мекунад”, албатта, ин масал дуруст аст, зеро имрӯзҳо тавассути расонаҳои иттилоотӣ ба мардум перомуни пушаймон шудани чандин нафар собиқ аъёзоёни ТЭТ Ҳизби наҳзати ислом ва дигар гуруҳҳову ҳайъатҳо гузоришҳову маълумот манзур шуда истодааст. Аз ҷумла, филмҳои “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Решаҳои ноаён”, ки аз ҷониби шабакаҳои телевизионӣ манзури тамошобинон гардиданд, дар ҳақиқат, сабаби аз роҳи бад, аз кирдору аъмоли ношоиста баргаштани ҷавонони гумроҳгашта шуда истодаанд. Аз ҷумла, як гурӯҳ ҷавононе, ки аз ноҳия Ашт, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанду ба доми афкандаи бархе аз намояндагони ТЭТ фаромада буданд, ба назди оилаи худ баргаштанд, волидайни онҳо дар навор худ тасдиқ карда истодаанд, ки фарзандони онҳо дониставу нодониста ба ин гуруҳҳо шомил шуда буданд ва имрӯз аз кирдори худ пушаймон гашта, ба назди оилаи худ омаданд ва давлату ҳукумат онҳоро аз ҷавобгарӣ озод намудааст. Падару модар ва наздикону  ин ҷавонон дар навор бо хурсандию қаноатмандӣ имрӯз ба давлату ҳукумат арзи сипосу миннатдорӣ карда истодаанд.

Аммо гап дар сари он аст, ки чун хонинони Ватан, шағолҳои гурезаи маккор, ба монанди сарварони ТЭТ ҳизби наҳзати ислом, чун донистанд, ки доми афкандаи онҳо сарнагун шуда истодааст ва ҷавонон аз корҳои ношоиста ва дониставу нодонистакардаи худ пушаймон шуда истодаанд ва аз нав роҳи Ватанро пеш гирифта, омада узрхоҳӣ карда истодаанд, аз тарси он ки ҳама хиёнату бадкориҳои онҳо рӯи об мебарояд ва ҳеҷ  нафаре дигар андешаҳои дурӯғину  фиреби онҳоро гӯш намекунд ва чанд нафаре танҳо мемонанду дар охир ба ҷазои худ сазовор мешаванд, ба тӯҳмату андешарониҳои хандаовар даст зада истодаанд.

Аз ҷумла, яке аз манбаъҳои дурӯғини сомонаи ба истилоҳ “ислоҳ”, вале дар асл “иғво” хабар расонида истодааст, ки гӯё Мирзохӯҷа Исмоилов, ки баъди пушаймонӣ ба кишвар баргашт, гӯё мақомоти КДАМ маҷбур карда истода бошанд, ки ӯ маҷбуран худро аъзои  ҲНИ муаррифӣ намояд.

Ман ҳамчун хонандаи ҳамин мақола, аз гузориши ононе, ки шомил будани Мирзохӯҷа Исмоилов ба ТЭТ ҳизби наҳзати исломро тӯҳмат меҳисобанд ва ҷор мезананд, ки ӯ дар ягон нишастҳо иштирок накардааст ва ягон бор ҳамроҳи онҳо набудааст, аз як тараф аз суханони дурӯғи онҳо ҳайратзада мешавам ва аз ҷониби дигар ба тамасхур кардани хонанда ва ба дом партофтани ин хоинон, аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин, Илҳом Ёқубов ва дигар хоинон ба андеша меафтам. Хоса се нукта боиси тааҷҷуби ман мегардад.

Якум, гузоришкунанда мегӯяд, ки Мирзохӯҷа чанд муддат дар шаҳри Мадинаи Мунаввара зиндагӣ кардааст (аз қавли Муҳаммадҷони Абдуҷалил 2 сол) ва дар ҳалқаи дарсии касоне нишастааст, ки онҳо бо аҳзоби сиёсӣ нигоҳи хуб надоштаанд ва ӯ созмон додани аҳзоби сиёсии исломиро бефоида ва номувофиқ ба талаботи шариати исломӣ медониста, гӯё бо ақидаву андеша ихтилофи назарҳам доштааст ва ӯ гӯё танҳо камтар Қуръонро ҳифз медонистаасту бо забони арабӣ то ҷое ба шакли муҳовара ошно будааст”-у халос. Аммо манбаъ намегӯяд, ки Мирзохӯҷа Исмоилов давоми ду соли зиндагӣ дар Мадинаи Мунаввара, маркази улуми исломӣ, маркази мазҳаби ғайриҳанафӣ дар ҳалқаи кадом шахсоне нишасту хез кардааст ва онҳо ба зеҳни ӯ ақидаи кадом мазҳабҳоро ҷо намудаанд.

Дуюм, барои чӣ мазҳ Мирзохӯҷа Исмоилов ба Ватан не, балки ба ҷониби Аврупо, хоса Олмон, Лаҳистон, Литва ва дигар манотиқи Ғарб сафари хешро идома медиҳад. Дар ин ҷо низ манбаъ намегӯяд, ки чун Моҳирхӯҷа аъзои ТЭТ ҳизби наҳзати ислом буд, аз ин ҷо, мехост ба назди сарварони худ паноҳ барад.

Сеюм, бо кадом роҳе, ки Мирзохӯҷа ба Мадинаи Мунаввара ворид шуда, тӯли ду сол зиндагонӣ карда буд, яъне бо дастгириву кӯмаки сарварон ва хоҷагони хориҷии худ, бо ҳамон роҳ метавонист, ки ба нишастҳои САҲА ширкат варзад. Ҳол он ки аксҳое, ки  дар нишасти САҲА иштирок кардани ӯро гувоҳӣ медиҳанд, манбаъҳои дурӯғин онро сохтаву дурӯғин маънидод мекунанд, то ки дигаронро аз роҳи баргаштан ба Ватан ва соҳиб шудан ба авфи мақомот нигаҳ доранду худ танҳо ва бетараф намонанд.

Чорум, азбаски кирдорҳои разилона ва ниятҳои шуми ин гурӯҳҳо ба мардум аз ҷониби собиқаъзоёни ин ҳизбҳо барало шуда истодааст, онҳо суханони намояндагони собиқи худро тӯҳмат ва гузориши онҳоро иҷборӣ медонанд.

Бино бар ин, ҳамроҳи гурӯҳ ба нишасти САҲА ба ҳайси собиқаъзоёни ТЭТ ҳизби наҳзати ислом иштирок кардани чанд нафар пушаймоншудаҳо, аз ҷумла Аёмиддин Сатторов ва Саидиб­роҳими Назар  нақшаҳои ин хоинонро бар бод дод. Аз ин рӯ, онҳо сафари онҳоро иҷборӣ медонанд ва бо ҳар роҳ кӯшиш карда истодаанд, ки ҷавонони гумроҳгашта, мабодо ҳушёр нагарданд, ба худ наоянд ва роҳи Ватан-модарро пеш нагиранд, то ин хоинон танҳову бе шахсони ёрирасон боқӣ намонанд. Вале дигар дер шуд, миллати тоҷик фаҳмид, ки “айб дар мош аст ё дар ош”.

Хулоса, нияти нек ва тадбиру иқдоми хайре, ки аз ҷониби Ҳукумату давлат, оид ба авфи пушаймоншудагон ба тасдиқ расидааст, албатта, гумроҳзадагони пушаймоншударо раҳоӣ мебахшад, вале ғофилону дар банди ҳавову ҳавас мондагонро, мутаассифона, наметавон одам намуд. Чунон ки Бедил мефармояд:

Гову хар аз оқилӣ одам намегардад, вале

Одамӣ гар як нафас  ғофил шавад хар мешавад.  

 

Шуъбаи табъу нашри МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров“