ОВОЗДИҲӢ СИРРИ МУҚАДДАСИ ДЕМОКРАТИЯ

Интихобот ягона имконияте ҳаст, ки дар ҷомеаи демократӣ ҳамчун принсипи ҳаётсоз пазируфта шудааст ва дар зиндагии мардум нақши муассир мегузорад. Дар ҷомеаи демократӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳаёти сиёсии мардум тарики интихобот сурат мегирад, ки инро ҳамчун як василаи ҷомеаи пешрафт унвон додан мумкин аст.

Зеро дар кишварҳои пешрафта мардум барои баёни мақсаду ормонҳояш бештар ба намояндагонаш такя мекунад ва тариқи сабқат ҳамон нафаре ба ҳайси вакил ё намоянда интихоб мешавад, ки барномааш ба мардум писанд ояд ва ё манфиатҳои мардумро бештар ба инобат гирад.

Теодор Хесберг диншиноси амрикоӣ роҷеъ ба интихобот таваҷҷуҳ намуда, хеле барвақт арз карда буд, ки “Овоздиҳӣ сирри муқаддаси демократия аст”.

Албатта, ин ҷо бештар ишора ба ҳамон ҷумла аст, ки бо ширкат дар интихобот ва интихоби номзади арзанда, мардум тақдири сиёсии хешро беҳтар месозад ва ба таври дигар гӯем як сирри демократия низ ҳаст.

Имрӯзҳо дар кишвари мо низ маъракаи интихоботӣ рафтаистодааст ва ин як маъракаи муҳим барои ҷомеаи кишвар мебошад, дар он намояндагони кулли аҳзоб ширкат мекунанд ва мардум намояндаи худро интихоб менамояд.

Ҳоло мардум омодаи шинос шудан бо барномаву аҳдофи аҳзоби гуногун дар кишвар ҳастанд ва аз ҳама бештар феълан барномаи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар дастрасӣ мардум қарор дорад ва аз ҳама зиёдтар манфиатҳои миллии моро дарбар гирифтааст, ки беҳтарин барнома ба ҳисоб меравад.

Албатта, барномаи дигар ҳизбҳо ҳам вуҷуд дорад, аммо он барномаҳо он қадар манфиатҳои миллиро пурра ба иноба нагирифтааст ва ҳадафҳои ояндадори ҷомеаи кишвар дар он ба таври равшан муайян нест.

Вале дар барномаи намояндагони ҲХДТ бошад ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар дода шудааст ва номзадҳо талош варзидаанд, то баҳри беҳтар сохтани шароити зиндагии мардум ва баланд бардоштани сифати зиндагиву ҳаёти осоишта саҳмгузор бошанд, ки ин навъи модел барои ҷомеаи кишвар хеле нав мебошад. Зеро дар барномаи дигар ҳизбҳои сиёсӣ ингуна бартарият ба мардум, ҷиҳати некӯаҳволии сокинони  кишвар дода нашудааст.

Ҳамчунин намояндагони ҲХДТ бештар бар он такя намудаанд, то шароити беҳтарро ба насли ҷавон фароҳам оваранд ва ояндаи беҳтаре барои насли наврас бунёд созанд, ки ин иқдоми хеле қобили дастгирӣ ва ҳамовозист.

Аз ин рӯ, камина шахсан  барномаи ҲХДТ дастгирӣ намуда, ба дигарон низ инро тавсия медиҳам. Зеро ояндаи дурухшон ва фардои рангин аз интихоби имрӯзӣ мо сарчашма мегирад.

Умарҷонов Абдусафо

декани факултети металлургия