ТОҶИКИСТОН – МУТТАҲИДКУНАНДАИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ОБУ ИҚЛИМ. Андешаҳои коршинос дар ин маврид

ДУШАНБЕ, 09.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим ба дастрасӣсифат ва миқдори об барои эҳтиёҷи асосии инсон таъсир расонидаба истифодаи самараноки ҳуқуқҳои инсон ба об ва санитария барои миллиардҳо одамон таҳдид мекунадТағйир додани гардиши об инчунин барои истеҳсоли энергияамнияти озуқаворӣсаломатии инсон, рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ хатар эҷод мекунад ва ба ин васила барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ба таври ҷиддӣ монеа эҷод менамояд. Чунин нигоштааст муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст.

— Таъсири тағйирёбии иқлим вақтҳои охир тавассути ҳолати захираҳои об бештар эҳсос мешавад,  хушксолиҳо ва обхезии шадид, бориши нобаробари мавсимӣ ва обшавии босуръати пиряхҳо дар гӯшаю канори ҷаҳон ба назар мерасад.

Дарвоқеъ, тамоми давлатҳои ҷаҳон аз мушкилоти об вобастагӣ доранд. Мушкилоти мазкур дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти одамон ба назар мерасад. Умуман ин мушкилот замони охир  ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст. Масъалаи муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба об муҳиммияти бештар касб менамояд. Вобаста ба ин бояд иброз намуд, ки нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои он дар масъалаи муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти обу иқлим рӯз то рӯз меафзояд.

Доир ба масъалаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ доираи Конфронси оби СММ- 2023 иброз намуданд, ки «дар ин давра бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба ин мавзуъ нуҳ  қатънома қабул кард, ки ҳадафи онҳо ба муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷудаи вобаста ба об ва суръат бахшидан ба амалҳо дар ин ҷода нигаронида шудааст».

Таҳлили ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва қатъномаҳои СММ вобаста ба онҳо нишон медиҳад, ки дарвоқеъ,  Тоҷикистон аввалин ташаббусро дар самти обу иқлим соли 1999 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуда буд. Дар натиҷа қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза қабул гардид.

Вобаста ба ин мехоҳам як марҳалаи муҳимми таърихиро оид ба ташаббусҳои давлатҳои ҷаҳон дар доираи СММ, аз ҷумла Тоҷикистон ва қатъномаҳои махсуси СММ марбут ба ин ташаббусҳо  шарҳ диҳам.  Аз соли 1999, яъне аз соли пешниҳоди аввалин ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон то ҳол СММ вобаста ба ташаббусҳои  давлатҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун қатъномаҳои махсус доир ба эълони солҳо дар ин ё он мавзуи муайян қабул намудааст. Аксарияти ин қатъномаҳо ҳоло вобаста ба моҳияташон амал намекунанд ё муҳлати татбиқашон ба итмом расидааст, ки пайгирии мавзуъ ва идома ёфтани чунин ташаббус имкон надорад ё мувофиқи мақсад шуморида намешавад. Вале дар байни ин ҳама қатъномаҳои СММ вобаста ба ташаббусҳои кишварҳои ҷаҳон, ки аз соли 1999 то соли 2023 қабул шудаанд, бояд махсус таъкид намоям, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи об, ки тамоми мавҷудоти олам аз он вобастагӣ дорад, ягона қатънома ва ташаббуси амалкунанда ё зиндае мебошад, ки тайи ду даҳсола амал намуда истодааст. Баъд аз гузашти солҳо имрӯз низ пайгирии минбаъдаи мавзуи мазкур дар доираи дипломатияи об дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, вобаста ба ташаббусҳои навбатии давлати мо  қатъномаҳои махсуси СММ пай дар пай қабул гашта истодаанд. Метавон гуфт, ки мавзуи интихобнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳодҳои ташаббусҳои байналмилалии мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ- ин худ бозгӯи сиёсати санҷидашуда ва ояндабинонаи бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳадаф аз роҳандозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти обу иқлим тавассути пешбурди дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари сиёсати хориҷии давлат ва истифодаи оқилонаи захираҳои об  ба ҷомеаи ҷаҳонӣ- ин ироаи махсуси мушкилоти соҳаи мазкур ва дарёфти роҳи ҳалли онҳо мебошад.

Талошҳои Тоҷикистон дар самти об собит намуд, ки об метавонад ба сифати омили муттаҳидкунанда дар низоми равобити давлатҳо ва умуман барои ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ бозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳутарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ифтитоҳи Конфронси оби СММ- 2023 иброз доштанд, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад.

Бояд тазаккур дод, ки Конфронси СММ оид ба масоили об таҳти ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд тавонист, ки доираи васеи иштирокчиёнро аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ҷиҳати баррасии яке аз мавзуъҳои калидӣ ва ҳаётан муҳим, ки ҳама соҳаҳои дигар аз он вобастагӣ доранд, ба ҳам  оварад.  Илова бар ин, замина ва шароити муносибро бо мақсади табодули таҷрибаи ҷонибҳо фароҳам овард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин фурсату имконият дуруст ва самаранок истифода намуд. Конфронси мазкур бештар аз лиҳози мусоидат ба дарки дурусти таҳдидҳо ва мушкилоти соҳа, инчунин дарёфти роҳҳалҳои муассир ва самарабахш дар таърих сабт гардид. Натиҷаҳои конфронси мазкур ба дарки амиқи муҳиммияти об ва идораи оқилонаи он мусоидат намуд.

Дар умум, бо натиҷагирӣ аз кори конфронс таъкид карда шуд, ки ин оғози шоҳроҳи нави  амалҳои мушаххаси мо мебошад ва мо бо неруи нав акнун метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем.

Хулоса, таҳлили пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳимтарин натиҷагирии Конфронси оби СММ–2023 ҳамчун ҳамоиши таърихӣ барои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки давлати мо баргузории се конфронси байналмилалии навбатиро оид ба масъалаҳои марбут ба обу иқлим дар шаҳри Душанбе ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар солҳои 2024, 2025 ва 2028 ба нақша гирифтааст. Ташаббусҳои дар боло гуфташудаи ҷаҳонии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти воқеии башарият пешниҳодҳои воқеӣ ва муассир буда, ҳадафу вазифаҳои онҳо вобаста ба авлавияташон хеле оқилона гузошта шудааст.

Ин ибтикорот ва дигар ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва саҳми таърихии давлати моро ҳамчун муттаҳидкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти обу иқлим тасдиқ менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»