НУРИСТОН МЕШАВАД, ТОҶИКИСТОН!

Истиқлолияти энергетикӣ дар ин айём  аз ҷумлаи бузургтарин ҳадафи стратегии давлату ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Албатта,  баҳри расидан ба ин роҳ қадамҳои устувор гузошта шудаанд ва намунаи олии он ба истифода додани НБО “Роғун” мебошад. Мо соле қабл шоҳиди бузургтарин корномаи созандагӣ дар таърихи кишвари азизамон бо сарварии Пешвои муаззами миллат гардидем. Ёд дорам он рӯз тамоми тоҷикистониён ва ҷаҳониён шоҳиди бо тантана ба кор оғоз намудани агрегати якуми неругоҳи барқи обии “ Роғун” гардидем. Он рӯз тамоми васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ аз ин рӯйдоди таърихӣ гузориш пахш намуданд ва дар баъзе кишварҳо ин ҷараён мустақиман пахш карда шуд. Боиси хурсандиву шодист, ки дар рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”  аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки НБО “Роғун”  орзую омоли деринаи мардуми тамаддунофари тоҷик буд ва ду сол боз мо шоҳиди ҷомаи амал пӯшидани ин орзу гардида истодаем. Роғун корзори нангу номус ва орзую омоли миллат  аст. Қайд кардан ба марид аст, ки дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш  НБО “Роғун”  дар як сол метавонад 17 млрд кВт-соат нерӯи барқ тавлид намояд, ки ин дар қораи Осиё беназир аст.  Бешубҳа метавон ҳадс зад, ки бо ба кор оғоз намудани  НБО “Роғун” мо метавонем пурра ба истиқлолияти энергетикӣ даст ёбем ва аз ҷумла сатҳи камбизоатиро дар кишвар камтар намоем, дақиқтар карда бигӯем бо пурра ба кор андохтани ин нерӯгоҳ мо метавонем, дараҷаи камбизоатии аҳолиро ба сифр баробар намоем.  Аҳамияти дигари сохтмони ин нерӯгоҳ дар он аст, ки мо метавонем бо барқи истеҳсолнамудаамон ба бозори кишварҳои хориҷӣ бароем ва аз он, ки аксарият саҳомдор ҳастанд, фоидаи бузурги молӣ ба даст оварем. Ин боиси ноил гардидан ба ҳадафҳои бузург ва хостаҳои иҷтимоӣ мегардад.

          Ҳанӯз хеле барвақт Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки “Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост!

Роғун ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст”. Оре, ин майдони созандагӣ ба майдони матонату мардонагӣ ва арсаи нангу номус табдил ёфт ва мо ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон имрӯз бо ифтихор  ва сари баланд  аз бунёди бузургтарин нерӯгоҳ сухан меронем. Бевосита, саҳми Пешвои миллат ҳам дар ин корзори нанг ёдрас шудан хеле бамаврид аст. Зеро ҳифзи истиқлолият ва аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ аз орзуву омол ва ҳадафҳои бузурги Пешвои муаззами миллат мебошад. Беҳтарин хислатҳои неки инсонӣ, шарафу номус ва нангу ори мардонагӣ, арзишҳои баланди инсонии ин шахсият мусоидат карданд, ки имрӯз мо шоҳиди ба кор андохтани агрегати дуюми нерӯгоҳ гардидем. На ба ҳар миллате ва на ба ҳар халқе чунин бахти баланд насиб мегардад. Имрӯз ғайрату номус ва шуҷоату мардонагӣ тавонист, ки пеши роҳи ҳама монеаҳоро бигирад ва миллатро ба мақсади асосӣ соҳиб гардонад. Имрӯз дар ҳавои Тоҷикистон нур меборад. Зулоли ишқу нангро мо мебинем, қатаҳои меҳру шодиро мебинем ва чароғистон гардидани кучактарин кулбаро мебинем. Ё аз забони шоир бигӯям:

Фасли шукуфтан омад бар коргоҳи Роғун,

Хуршед мекунад гул андар нигоҳи Роғун.

Меҳроби меҳри миллат имрӯз гаштаӣ ту,

Боғи биҳишти моӣ, эй боргоҳи Роғун…

Дар ҳақиқат ба марҳила ба марҳила ба кор шуруъ кардани агрегатҳои НБО “Роғун”  метавонад, кишварро ба нуристон ва ё худ чароғистон мубаддал гардонад. Имрӯз мо метавонем пурра ба истиқлолияти энергетикӣ бирасем ва аз неъмати пургуҳар истифода намоем.  Бо истифода аз фурсат бояд ба ҳама фотеҳони қалби “Роғун” сипос гуфт ва корномаи таърихиро дар дилу дидаҳо, ки сабт ёфтааст, пеши назар овард. Ҳамеша нуристон бош, Тоҷикистони азиз!

                Мухтор Эгамов  – декани факултети электромеханикаи

                               Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон