НОҚАБУЛЕ, НОКАСЕ, НОКОРАЕ… ЧАРО ГӮЯД СУХАН АЗ СИЁСАТ?

Чаро имрӯз нафароне, ки ҳатто саводи кофии сиёсӣ надоранд, мехоҳанд худро ҳолдони сиёсӣ муаррифӣ кунанд?

Оё мешавад дар бораи решаҳо надониста аз поя гуфт?

Оё он нафароне, ки дар бораи сиёсат надониста  сухан мегӯянд, аз худ шарм намедоранд?

Оё нафароне, ки дар сиёсат мавқеъгирӣ мекунанд, медонанд, ки сиёсат чист?

Сад дар сад бовар дорам, ки имрӯз он нафароне, ки дар хориҷ аз кишвар истода бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранд, бар алайҳи сиёсати имрӯзаи кишвар мубориза мебаранд, як фисад дониши сиёсӣ надоранд ва як андоза аз сиёсат ҳам намефаҳманд. Онҳо фақат ба хотири ба даст овардани маблағи хоҷагони хориҷияшон ва гумроҳ сохтани насли ҷавон сафсата мехонанд, аммо дар асл бошад, савод ва фаҳмиши сиёсӣ ҳам надоранд.  Мисоли ин тоифаро метавон дар фаъолияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ТТЭ “Гурӯҳи 24” дид, зеро он чӣ ин ятимони олами маърифат ва он гадозодагони олами савод менависанд, на маъно дораду на мафҳум. Дуруст аст, ки ин ҳама навиштаву додзаданҳои наҳзатиёни террористу бистучориҳои экстремист сафсатае беш нест, аммо чаро имрӯз ин ақлбохтагони фирорӣ ва шаурмахӯрони наҳзатӣ барои ноором намудани ҷомеа талош мекунанд?

Дар ҳақиқат вақте инсон ба ин сафсатагӯиву бечоранолиҳои ақлбохтагони еврооғил менигарад, пай мебарад, ки тӯдае аз ақлбофтагон ҳарза мегӯянд. Чунки он суханоне, ки ин хориҷиён мегӯянду менависанд, сафсатае беш нест ва асло ба ҳақиқат рост намеояд.

Лек ба хотири гумроҳ намудани насли ҷавон, ноором сохтани кишвар, фиреб додани миллат ба хотири чаҳор тангаи хоҷагони хориҷияшон талош мекунанд, то ниятҳои нопок, мақсадҳои душманонаи хоҷагони хориҷияшонро амалӣ гардонанд, ки ин кор ҳаргиз намешавад ва насли ҷавон имрӯз дарк намудааст, ки душманони миллат аллакай як маротиба кишварро ба хоку хун кашида буданду ҷанги шаҳрвандиро ташкил карда буданд, ки миллати тоҷик аз ин талафоти бузурге дида буд ва ранҷишу азобаш то ба ҳол доғҳоро дар дили ҷомеа боқӣ гузоштааст, ҳаргиз фаромӯш намешавад. Ва ин амали наҳзатиён як хиёнат аст ва ин хиёнат ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд.

Мо, ҷавонон ҳаргиз фирефтаи макру найранги душманони миллати тоҷик нахошем шуд ва ҳаргиз барои хоинони миллати тоҷик

Мо, ҷавонон ҳаргиз намегузорем, ки душманони миллати тоҷик, дубора мардумро фиреб диҳанду кишварро ноором созанд. Миллат аллакай як маротиба иштибоҳ карду ба наҳзатиён душманон бовар намуд ва дигар ин гумроҳӣ сурат намегираду дигар ҷомеа ба фиребу макри наҳзатиён дода нахоҳад шуд.

Дилмуроди Вафо