НОШУКРОНРО НАМАКИ ТОҶИКИСТОН МЕЗАНАД

(Дар ҳошияи мақолаи Мотам дар хонаи ТТЭ ҲНИ ва «Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком» дар арафаи ба истифода додани НБО-и Роғун)

 

Ибтидои солҳои навадуми  асри 20 барои Тоҷикистони  соҳибистиқлол  давраи  имтиҳонҳои  ҷиддӣ  гардид. Вазъи  тамоми  минтақаҳои  кишвар  ноором  гашт. Решаи аслии ноамниҳо  ин фаъолияти озодонаи ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳое, ки қонунгузорӣ фаъолияти онҳоро кафолат дода буд.  Ана  дар  ҳамин  ҳолат  ҲНИ  бо  кӯмаки хоҷагони хориҷӣ  таъсис  ёфт. Ва мақсади ниҳоии ин ҳизб ноором кардани ҷомеа ва гирифтани қудрат тариқи табадуллоти давлатӣ буд.  Аз  амалҳои  онҳо  бӯйи  хуну  бӯйи  ҷанг  меомад.

ҲНИ   баъди  воқеаҳои  фоҷиабори  моҳи  феврали  соли  1990  аз  пинҳонкорӣ  баромада, байни  мардум рӯи рост  корҳои  таблиғотии  сиёсӣ  мебурд. Эҳсос мешуд, ки мақсадҳои нопоки онҳо бештар ба умқи дили мардуми соддаву гумроҳ медаромад. Зеро ҳар яке аз мубаллиғони ҳизб дар гуфторҳояшон ҳатман аз Худову расул ва оятҳои каломи раббонӣ ёдовар мешуданд. Аммо ботини сияҳ доштанд. Гуфтор дигару амал дигар. То соли 2015 давлат ва Ҳукумати кишвар амалҳои онҳоро таҳаммул намуд. Инсофу тавфиқро ба худашон ҳавола намуданд. Дар интихоботи соли 2015 ин ҳизб натавонист овози бештарро соҳиб шавад. Илова бар ин, ягон вакили пешбарикардаи  ҳизб  дар ҳавзаи интихоботӣ ғолиб нашуд. Онҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои худ бо дасти генерали ошӯбгар ҳоҷи Ҳалим Назарзода, хостанд табадуллоти давлатӣ кунанд, аммо тирашон хок хӯрд. Воқеан ҳам,  инсон,  ватан ,миллат   ин  чизҳои  муқаддасанд,  вале  барои  наҳзатиён ин аҳамияте  надорад. Барои  мақсадҳои  нопокашон онҳо қодиранд  виҷдону имонашонро фурӯшанд.

Фаъолияти   ҳизби  наҳзати  ислом  ҳарчанд  дар  Тоҷикистон  ҳамчун  ҳизби  террористӣ  манъ  шудааст , вале аз   пайомади     нанговар    ва    хатарнокро ҳар лаҳза   эҳсос кардан мумкин аст.  Баъзе   наҳзатиёни   дар  хориҷи  кишварбуда , умедворанд , ки  мақсадҳои  нопоки  худро зина ба зина амалӣ  мекунанд. Масалан онҳо аз он изҳори ноҳинҷорӣ мекунанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон ваҳдату ҳамбастагӣ танинаноз аст. Ва сохтмони нерӯгоҳи «Роғун», ки агрегати якумаш пагоҳ ба фаъолият шурӯъ мекунад, рамзи тифоқӣ ва шикастнопазирии миллати мо мебошад. Бояд гуфт, ки  миллати  тоҷик, ҳар  фарди  солимақли  он  аз  гузашта ,  аз  солҳои  навадуми  асри  20  сабақи  хуб  гирифта , ҳаргиз  ба  суханони  бофтаю  сохтаи  наҳзатиён  бовар  накарда , сулҳро  чун  гавҳараки  чашм  ҳифз  менамоянд. Муҳиддин   Кабирӣ  ба  маҳзаби  шиа  гузашта , ба  бадномкунӣ , бадгӯйӣ, дурӯғбофӣ      бо      далелҳои    беасос  кишвари  мо  ва  Сарвари  давлат , мардуми  сарбаланди  тоҷикро  ба  таври  худ  сиёҳ  мекунанд.

Тоҷикистони  имрӯза  аз  Тоҷикистони  солҳои  навадуми  қарни  бист  ба   куллӣ  фарқ  дошта , ба  диёри  нозанину  дилрабо ,   ба  боғшаҳри  биҳиштосо, ба  манзилу  макони  маҳбуби  ҳар  тоҷику  тоҷикистонӣ  табдил  ёфтааст.

 

Мирзо Соҳибназаров,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Анвар Саидов ,

Унвоҷуи  кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии ДКМТ дар шаҳри Бустон