НОМИ ПАДАР НОМИ ТАЪРИХ АСТ

Воқиф будан аз таърихи миллати худ рисолати ҳар як шаҳрванд аст.

Зикри ин нукта зарур аст, ки ватандӯстӣ танҳо ҳимояи ватан аз душманон нест, ватандӯстӣ омӯхтану донистани таърих, фарҳанг, забони кишвар ва расму ойини ниёгон низ аст. Ҳар кӣ аз таърихи кишвараш огоҳ нест, фарҳангу ватанашро намедонад, ба расму ойини гузаштагон эҳтиром намегузорад, наметавонад ватандӯст бошад. Чаро ки надонистани фарҳангу забон ва фаромӯш кардани таърих, фаромӯш кардан ва надонистани ҳақиқати падару модарон аст. “Номи падар номи таърих аст . Ҳар кӣ бетаърих аст, береша… аст”, береша будан, яъне ҳеч кас будан аст. Ва “Шоҳнома” таърихи мост, ҳақиқати падару модарони мост, фарҳанг, забон ва ҳуввияти миллии мост. Хидмати бузурги Фирдавсӣ ҳамин аст, ки моро ба худамон шиносонд, ҳақиқати падару модарони моро ба мо нишон дод. Ва ба мо нишон дод, ки ватандӯстиро оғоз кунем, аз омӯхтану донистани таъриху фарҳанги худ, аз бузургдошти ниёгон.

Ба шарофати мутолиаи осори бадеӣ низ метавон ҷаҳонбинии худро фарох намуд.

А.Саидов, омузгори ДКМТ