Агар бигӯем, ки инсонро пул маҷбур мекунад, ки ба роҳи нодуруст қадам бизанад, шояд як навъ иштибоҳ бошад, чунки ягон нафарро виҷдонаш намегузорад, то аз барои пул даст ба хиёнат занад ва мардумфиребиву иғвобарангезӣ кунад. Аммо агар виҷдони солим набошад ва инсон дар муҳити бисёр ҳам носолими оилавӣ ва ҳайвонтабиатӣ ба дунё омода бошад, он вақт аз ин хел инсон ҳар чизе интизор шудан мумкин аст.
Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”-ро дида инсон бори дигар ангушти ҳайрат мегазад, ки чӣ хел дар муҳити Шӯравӣ чунин тоифае ба вуҷуд омадаанду даст ба хиёнат ва хиёнаткорӣ мезананд?
Дур намеравем, худи ҳамин шаклгирии ТТЭ ҲНИ ҳамчун як лоиҳаи террористӣ ва ормонсӯз аз ҷониби афроде таъсис дода шудааст, ки худро ҳомии дин ё худ диндор мепиндоранду дар асл бошад мақсаду маром ва ният нопок аст. Хуб мушоҳида менамоем, ки ҷавонони гумроҳгардидаи наҳзатӣ ба хотири пулу мол ва сарвати гарон даст ба ҷиноят мезананд ва инсонҳои бегуноҳро ба қатл мерасонанд, ки ин як роҳи нодуруст ва бар алайҳи инсон мебошад.
Сарват ва молу мулки роҳбарони ТТЭ ҲНИ инсонро ба ҳайрат меоварад, ки аз ҳисоби ватанфурӯшӣ ва хоинӣ ба даст овардаанд ва албатта ҳамаи боз ҳисобу китоби худро дорад, ки наход инсон ба хотири ватанфурӯшӣ ва авбошӣ даст ба ҷиняот ва он ҳам боз вазнинтарин, яъне фурӯхтани арзишҳои воло занад?
М. Кабирӣ ҳамчун террористӣ омодакардашуда, барои хоҷагони хориҷияш амал менамоянд ва дар сар нақшаи душманӣ бар алайҳи миллати тоҷикро тарҳрезӣ менамоянд, ки ин як хиёнати рӯирост мебошад.
Таъсис додани сомонаҳои интернетӣ ва иғвобарангезӣ намудану дасисабозӣ кардан як мақсаду мароми наҳзатиён мебошад, ки имрӯзҳо аз хориҷ истода тариқи сомонаҳи ислоҳ.нет, пайём.нет, ахбор.ком ва дигар сомонаҳои ёрирасон ин ҳадафи душманонаашонро амалӣ мегардонанд, ки бисёр ҳам хиёнати бузург мебошад.
Гаравгонгирӣ ва куштори бераҳмонаи намояндагони хориҷӣ ва ҳамчунин чеҳраҳои машҳури кишвар аз нақшаҳои миллатсӯзонаи наҳзатиёни террорист аст, ки дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бисёр ҳам равшан гуфта шудааст.
Даст ба бехирад намудани миллат задани наҳзатиёну куштори равшанфикрону аҳли зиё худ гувоҳ бар террористӣ ва миллатбин будани наҳзатиёни палид аст, ки дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” хеле равшан оварда шудааст.
Маълум мешавад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ душманони манфур ва разили миллат буда, ба хотири несту нобуд сохтани мустақилияти миллат, давлату Ватани тоҷикон камар бастаанду бо ишораи хоҷагони хориҷияшон амал менамоянд.
М.Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ