НОМАИ ҶАВОБ БА УНВОНИ САЙИДЮНУСИ ИСТАРАВШАНӢ

«Воқеан, имрўз ҷавонони мо ҳамчун нерўи бузурги     бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рў, мо ҳалли мушкилоту  масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем. Зеро имрўз Тоҷикистон аз назари демографӣ  дар  ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ,  яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд».

                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

                Мо ҷавонони  зодаи даврони  истиқлол  мудом кӯшиши зиёдеро ба харҷ медиҳем то  зиракии  сиёсиро аз даст надода бо шукргузорӣ аз сиёсати хирандмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои муаззами Миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зиндагӣ  намуда  истодаем.  Ҳамаи он хоинони миллате, ки аз  соҳибистиқлоливу   пешравии мо ҳасад бурда мехоҳанд  бо ҳар гуна  роҳу  равиш ҷавонони моро гумроҳ созанд хатои бузурге хоҳанд кард.    

  Дар ҳақиқат қарни 21- қарни рушди босуръати илму техника, технологияҳои иттилоотӣ ва бархурди тамаддунҳо буда, давлатҳои абарқудрат сиёсати ҷаҳоншавиро пеш гирифтаанд. Онҳо дар зери ниқоби демократия  кӯшиш мекунанд ниятҳои бадхоҳонаи худро амалӣ созанд, ки воқеаҳои даҳшатбори Ироқ, Сурия ва Украина аз он гувоҳӣ медиҳанд. Чӣ тавре, ки маълум аст баъди пош хӯрдани ИҶШС ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани кишварҳои соҳибистиқлол, давлатҳои абарқудрат сиёсати дар зери таъсири худ нигоҳ доштани ин ҷумҳуриҳоро пеш гирифтанд. Аз он ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ бо баҳонаи демократикунонии ҷомеа давлатҳои абарқудрат бо истифода аз идеологияи дини мубини ислом ба таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шуруъ намуданд.

       Омилҳои дигаре, ки ба мафкураи ҷавонони имрӯза таъсири манфӣ мерасонанд, ин наворҳои таблиғотиест, ки тавасути шабакаи Интернет паҳн карда мешаванд. Бинобар ин, вазъи имрӯза, раванди тезутундшавии манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, бархурди тамадунҳои гуногун, зарурияти ҳифзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот дар назди ҳар як фарди кишвар алалхусус наврасону ҷавонон вазифа мегузорад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба муқобили ҳама гуна гуруҳҳои ифротгаро, ҷудоиандоз мубориза бурда дар рушди босуботи Тоҷикистони соҳибитиқлол саҳмгузорӣ намоем. Хусусан ҷавонони мо бояд фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳо, идеологияибегона нашуда, хуб андеша намоянд, то ин ки рафторашон боиси пушаймонӣ нагардад.  Дар ҷанги Сурия бархе аз ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ иштирок намуда, ба ин гуруҳҳои экстримистӣ пайвастанд. Сабаби асосии ба ин гуруҳҳо пайвастани ҷавонон ба гуфти таҳлилгарон пеш аз ҳама дар он аст, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст дода, ба зудӣ фирефтаи ваъдаҳои бардуруғи ин гуруҳҳо мешаванд, чуноне ки аз расонаҳои хориҷӣ бармеоянд, ин гуруҳҳои экстремистӣ ба онҳо маблағ ва ҳатто ҷойи кори хубро ваъда мекунанд. Инчунин дуруст надонистани моҳият ва мазмуни дини мубини Ислом низ ба ин сабаб мегардад, зеро ҷанги мусулмон бо мусулмон ҳаргиз ҷиҳод нест, ба ҳалокат расидани мусулмон аз дасти мусулмон ҳеҷ гоҳ маънои «Шаҳид» шуданро надорад.

Мавриди зикр аст, ки кишвари мо  бо мушкилӣ бошад ҳам, бар зиди ин гуна қувваҳои ҷудоандозу ифротгаро собитқадамона мубориза мебарад, зеро миллати куҳанбунёди мо аз имтиҳони сангини ҷанги шаҳрвандӣ гузаштааст ва сулҳу амониро ҳамчун олитарин ҳадяи худованд ва истиқлолият пос медорад. Аммо воқеаҳои солҳои охир ҳар як фарди кишварамонро хушдор медиҳад, ки бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фирефтаи ҳаргуна дасисаю бозиҳои сиёсӣ нагардем. Мо ҷавонон фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нашуда ҷавобан  ба ғамхориҳои сарвари давлатамон  бо шукргузорӣ  Ватани  маҳбубамонро  ободу зебо  мегардонем.

Ғоибов Алишер

муовини декан оид ба тарбия