Ҳамватанони азиз, омӯзгорону донишҷӯёни гиромӣ!
Боиси хушнудӣ ва фараҳи ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки мо Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯз таҷлил менамоем.
Таҷлили чунин санаи муҳим барои миллати тоҷик рамзи садоқату меҳандорӣ ва соҳибватаниву ватандӯстӣ мебошад.
Маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артиши миллӣ такомул ёфта, имрӯз ба як ниҳоди бузург ва муҳофизи аслии Ватан гардид. Феълан, Артиши миллии Тоҷикистон яке аз нерумандтарин артиш ба ҳисоб ёфта, бо тамоми таҷҳизот ва технологияи муосир таъмин мебошад, ки ин имконият медиҳад, то сарбозони далери Ватан марзу буми кишварро пайваста зери назорат дошта бошанду қадами номубораки адӯро пешгирӣ созанд.
Зери сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ марҳила ба марҳила рушд намуда, кунун ба такягоҳи боэътимод табдил ёфтааст.
Албатта, Артиши миллӣ рӯзҳои вазнин ва имтиҳони вазнинеро паси сар намуд ва хушбахтона ҳоло барои оромиву субот ва осудагии тамоми сокинони Тоҷикистон хидмат менамояд, ки ин заҳмати андак нест ва аз ҳамин лиҳоз месазад, ки ба сарбозону афсарон ва он меҳандӯстони ҷонфидои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳсан бихонем. Зеро маҳз бо шарофати фаъолияти шабонарӯзи сарбозони Артиши миллӣ мо, ин лаҳзаҳо орому осуда ва саодатмандона зиндагӣ менамоем. Ҳамин аст, хидмат ба Ватанро ҳатто беҳтарин ибодат дар оини диндорӣ низ меноманд.
Ба ҳамин далел, имрӯз мехоҳам, ки тамоми сарбозону афсарон, сипаҳсолорони меҳанро ба ин рӯзи шараф ва шуҷоат ва мактаби мардонагӣ, яъне Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон саодатмандиву сарбаландӣ ва солимиву муваффақият таманно менамоям! Бигзор фазои сулҳу ваҳдат дар Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамеша пойдор бошаду афсарону сарбозони меҳан бо сари баланд гом бардоранд!
Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Бо эҳтиром, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ