Бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли хониш ба унвонии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз донишгоҳҳои ҳамкори хориҷӣ номаҳо мерасанд, ки инак яке аз онҳо номаи табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии геологӣ иктишофии Россия Панов Юрий Петрович мебошад, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Муҳтарам ҳамкорон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Ҳамаи Шуморо ба Рӯзи дониш ва оғозёбии соли хониш табрику таҳният гуфта, бароятон муваффақияти беназир, фатҳи қуллаҳои баланди илм ва саодатмандӣ таманно менамоя.
Соли нави хониш аз соли қаблӣ фарқ мекунад ва бигзор ин соли хониши нав бобарору беҳтар бошад. Аз маориф бисёр чиз вобаста аст ва таҳкурсии ҳама муваффақиятҳо аз илм сарчашма мегирад ва бигзор соли хониши нав, кушоиши роҳҳои нави омӯзиш, таълим ва беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёт бошад .”