Нишасти навбатии маҳфили “Ал-ҷабр” баргузор гардид

Санаи якуми декабр дар синфхонаи 203 нишасти навбатии маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи математикаи олӣ ва информатика “Ал-ҷабр” баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот роҳбари маҳфили мазкур Муҳаммедҷонова Ӯғулой иттилоъ дод.

Маҳфилро  роҳбари маҳфили илмии донишҷӯёни кафедра Муҳамедҷонова Ӯ.М. ҳусни оғоз бахшида, сипас ҳозиринро бо барномаи имрӯзаи маҳфил огоҳ гардонид.

Дар нишасти навбатии маҳфили имрӯза маърӯзаи донишҷӯёни гурӯҳи 1-250108-05 Нурматова М. ва 2-510201-03 Файзуллоев Т., ки таҳти роҳбарии омӯзгорони калони кафедра Розиқов А. ва Муҳамедҷонова Ӯ. омода  шуда буданд, шунида шуд ва сипас ҳозирин онро  муҳокима намуданд.

Пас аз шунидани маърӯзаҳо ба донишҷӯён  видеонавор дар мавзӯи “Кем работают математики” намоиш дода шуд. 

Ёдовар мешавем, ки нишасти имрӯзаи маҳфил бо ҳузури бештари донишҷўён ба миқдори  60 нафар  аз факултетҳои электромеханика, корҳои кӯҳӣ, иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ баргузор гардид, маҳфил боз ҳам рангинтар шуд.