Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон нишасти матбуотии ректори донишкада муҳтарам Мухтор Фозилзода бо намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотии имрӯза муовинони ректор, декани факултаҳо ва сардорони шуъбаҳо ширкат доштанд.
Нахуст ректори Фозилзода Мухтор ҳозиринро бо дастовардҳои Донишкада дар соли хониши сипаригардида огоҳонида, сипас ба саволи рӯзноманигорон, ки аз нашрияҳо, хабаргузориву расонаҳои интернетии амсоли АМИТ “Ховар”, “Ҳақиқати Суғд”, “Суғд ҳақиқати” , “Согдийская правда”, “Фараж”, “Паёми Бӯстон”, радиои “Замон”, радиои “Суғд”, радиои “Тироз”, телевизиони “СМ 1” ва дигар расонаҳо ширкат доштанд, ҷавоб гуфтанд. Дар умум аз ҷониби хабарнигорон зиёда аз 20 савол пешкаш гардид, ки ба ҳамааш посух дода шуд.
Зимни нишаст Фозилзода М. қайд намуданд, ки ба хотири Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба ҳампаймони худ – Донишгоҳи нафти Чин ва дар симои ҳайати устодону донишҷӯёни ин муассиса, ба мардуми Чин нисбати муқовимат ва гирифторӣ бо вабои аср, тасаллият, баён намуда, ҳамчун рамзи ҳамдардию башардӯстӣ 3000 рӯйпӯш фиристод.
Дар охир ба як қатор рӯзноманигорон ва ҳайати эҷодии расонаҳои миллӣ барои ҳамкории пурсамар туҳфаву сипоснома эъто карда шуд.