Санаи 6-уми августи соли 2024 тибқи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-сентябри соли 2011, № АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд оид ба баргузории нишастҳои матбуотӣ аз фаъолияти шаҳмоҳа дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо иштироки васеи хабарнигорону рўзноманигорони васоити ахбори оммаи вилояти Суғд нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ рўзноманигорону хабарнигорон аз нашрияҳои «Њақиқати Суғд» Нодир Турсунзода, “Согдийская правда” Нурбибӣ Бобоева, “Садои мардум” Мирзоаъзам Мақсудов, “Паёми Бӯстон” Лола Юсупова, “Шафақ” Юсупова Назокат, намояндаи нашрияи “Омӯзгор” дар вилояти Суғд Нӯъмон Раҷабзод, рӯзномаи “Саломат бошед” Абдуллоева Ч., ТВ “7-Ситора” Шамсиддин Наврӯзов, Сангинов Фаридун, ТВ “СМ-1” Насим Раҳимов, Меҳрангез Аҳадова, ТВ “Танин” Сабрина Сангинова, ТВ “Азия” Аюдусаттор Баротов, радиои “Пайванд” Алихонзода Мутрибахон, радиои “Замон” Абдулҳамид Ҷӯраев, Оҷонсии иттилоотии “Спутник” Қамари Аҳрор, радиои “Озодӣ” Фарзон Маҳмадӣ ва намояндаи оҷонсии “Суғднюс” ширкат варзиданд.
Дар нишасти матбуотӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва ҳайати роҳбарикунандаи сохторҳои донишкада ширкат варзиданд.
Нишасти матбуотиро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти шашмоҳа дар аввали сол иттилоъ дод. Мавсуф таъкид намуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар самти саноати геология, металлургияву энергетика ва иқтисодиёти саноатӣ буда, дар он донишҷӯён аз рӯи 29 ихтисос таҳсил менамоянд. Мусаллам аст, ки самти фаъолияти донишкада ба соҳаи саноат сахт вобастагӣ дорад ва омода намудани мутахассисон дар ин самт хеле мушкил мебошаду аз омӯзгорон заҳмати дучанд талаб менамояд. Ҳамин аст, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон омӯзгорони варзида ва таҷрибадор дар соҳаи геологияву металлургия ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Анқариб 75 фисади омӯзгорони донишкада собиқаи корӣ дар истеҳсолот доранд ва ин ба раванди таълим мусоидат менамояд.
Дар давоми шашмоҳи соли 2024 дар донишкада ҳамагӣ 308 маротиба дарсҳои кушод ва иштирок ба дарсҳои ҳамдигарӣ ташкил карда шуд, ки барои такмили таљрибаи педагогии омӯзгорон мусоидати фаъол намуд.
Ёдрас мешавем, ки дарси кушод ва иштирок ба дарси ҳамдигарӣ низ як рукни иљроиши ўҳдадории хизматии омўзгор дар самти беҳсозии сифати машғулиятҳо ба шумор меравад. Тибқи ҷадвале, ки дар оғози соли таҳсил тасдиқ карда шуд дар ҳар кафедра дарсҳои кушод ва иштирок ба дарсҳои ҳамдигарӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як машғулияти таълимӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд. Ҳамчунин ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ илова намуд, ки Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаҳои саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, ки бо онҳо шартномаҳои ҳамкорӣ оид ба таҷрибаомӯзӣ баста шудааст, гузаронида мешаванд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо донишкада бо зиёда аз 65 корхонаҳои соҳаи саноат шартномаву созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Аз ҷумла бо корхонаву муассисаҳои ҶМТКММ “Апрелевка”, ҶДММ “Ширкати куҳӣ–саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶМДММ “Петролеум Суғд”, КФ “Суғднафтугаз”, ҶСК “Ангишт”, ҶДММ “Заринк”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ҶДММ “Элегант”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Коргоҳи таъмири қатораҳо, КВ “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум”, КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, ҶС “МНА – 33” ва ғайраҳо. Дар соли ҷорӣ бо корхонаҳои ҶММТАКМ “Анзоб”, КФ ЗЗК “Зари Суғд”-и КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва КВД “Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ” шартномаҳои нави ҳамкорӣ баста шуданд.
Дар соли ҷорӣ бо корхонаҳои ҶДММТ “Сахо и К”, ҶДММ “Чуҷаи Байзо” н. Б. Ғафуров нави ҳамкорӣ баста шуданд.Роҳбари донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба дастовардҳо дар соҳаи илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ сухан ронда, қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 4 нафар омӯзгорон рисолаи номзадиро дар самтҳои иқтисодиёт, педагогика робитаҳои байналмилалӣ ҳимоя намуданд. Тибқи нақша ва ҷадвали баргузории конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз тарафи ректори донишкада тасдиқ гардидааст, бахшида ба солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва ғайра якчанд чорабиниҳои илмӣ аз ҷумла 8 конференсия аз ҷумла 3 конференсияи байналмилалӣ ва 34 семинари илмӣ-амалӣ ва 27 вебинар гузаронида шуд.
Дар назди кафедраҳо 18 маҳфилҳои илмӣ-амалии донишҷӯёни доимоамалкунанда фаъолият менамоянд: «Суханвар», «Энергетикони ҷавон», «Эколог-муҳандис», «Иқтисодчии муосир», «Навовар», «Кӯҳкани ҷавон», “Дустдорони автомобил” “Металлургия аз нигоҳи ҷавонон”, “ Ганҷи хирад”, “ Ал-ҷабр”, “ Химикони ҷавон”, “ Илм ва ҳаёт”, “Муҳосибони муосир”, “Эҷодкорони техникӣ”, «Нафтчӣ», “Ганҷшинос”, “Маркшейдерони ҷавон” ва “Муҳосибони муосир”, ки ба онҳо донишҷӯёни болаёқат ҷалб карда шуаанд ва онҳоро ба корҳои пажӯҳишӣ ҷалб мекунанд. Моҳе як маротиба семинар-ҷаласаи ин маҳфилҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи нақшаи чорабиниҳои он аз тарафи ректори донишкада (барои соли хониш тартиб дода мешавад), баргузор мегардад. Дар ин маҳфилҳо донишҷӯён баромад намуда аз натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ дар доираи маҳфил ҳисоботҳо ва гузоришҳо медиҳанд.
Зимни баргузории нишасти матбуотӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани шашмоҳаи аввали сол ба роҳбарияти сохтори таълим, тарбия, илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Насриддинов Замониддин, профессор Аминҷонова Мавлудахон, профессор Умарҷонов Абдусафо изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба кори онон баҳои баланд дод.
Дар қисмати охири нишаст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба 17 саволи рӯзноманигорон аз нашрияву рӯзномаҳои “Ҳақиқати Суғд”, “Шафақ”, “Садои мардум”, “Омӯзгор”, ТВ “7-Ситора”, Оҷонсии иттилоотии “Спутник.тҷ”, радиои “Озодӣ” ва радиои “Замон” доир ба ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Русия, ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ, хатмкунандагони донишкада, пешгирии ҷинояткорӣ, ифтитоҳи факултети муштарак бо донишгоҳҳои хориҷӣ ва тақдири он, ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Чин, оид ба сифати таҳсилот, оид ба раванди омода намудани мутахиссисон ба корхонаҳои саноатӣ, оид ба иҷроиши нақшаи қабули довталабон, оид ба гузаронидани мониторинг дар корхонаҳои саноатӣ, оид ба андешидани чораҳои зарурӣ барои ҷалби довталабон, оид ба мавҷудияти дурнамои омодасозии кадрҳо, оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, нақшаҳои оянда ва дурнамои рушди донишкада посух дода, ба рӯзноманигорон ҷиҳати иштироки фаъол изҳори миннатдорӣ баён кард.