Нишасти матбуотии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо ширкати  сардорони шуъбаву раёсатҳо, деканҳо, роҳбарони  созмонҳои донишкадавӣ  ва намояндагони ВАО баргузор гардид. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст намояндагони васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, ба онон ҷиҳати ташрифашон ба донишкада изҳори сипос намуд. Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ қайд намуд, ки бо дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорони донишкада талош менамоянд, то дар омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноат саҳми назарраси хешро гузоранд ва дар ин самт мо, талош менамоем, ки бозори меҳнатро бо мутахассисони ҷавон ва забондон таъмин намоем. Ҳамчунин, иброз дошт, ки баҳри амали намудани саноатикунонии босуръати кишвар ва саҳмгузори дар “Панҷсолаи рушди саноат”  дар Донишкадаи кӯҳию метулларгии Тоҷикистон як қатор барномаву нақшаҳо ба тасвиб расонида шудааст. Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба натиҷаи фаъолияти самтҳои таълиму тарбия, илму инноватсия ва бахши молиявиву хоҷагидори донишкада дар шашмоҳаи аввали  соли 2022 ба рӯзноманигорон маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар донишкада айни ҳол дар 4 факултет: корҳои куҳӣ, металлургия, электромеханика, иқтисодиёти саноатӣ ва 16 кафедра аз рӯи 18 ихтисос мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ, металлургия, иқтисодиёт, экология, мошинсозӣ, корҳои барқӣ, геология ва нафту газ омода карда мешаванд.

Ҳамзамон, дар нишасти хабарӣ ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ иттилоъ дод, ки аз теъдоди умумии хатмкардагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон 135 нафар дар 3 давра бо назардошти супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи рисолаи хатм барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Инчунин 30 нафар донишҷӯён дар доираи курсщои 1- 4 ихтиёран ба Артиши миллӣ сафарбар гардиданд. 

    Зикр шуд, ки соли равон зинаи бакалаври таҳсилоти рӯзонаро 496 нафар, аз ҷумла 236 нафар ба тарзи таҳсили буҷавӣ, 477 нафар ба тарзи таҳсили шартномавӣ, 2 нафар дар асоси квотаи Президентӣ хатм намуда, дар зинаи бакалаври таҳсилоти фосилавӣ 223 нафар ва дар зинаи магистратура 21 нафар, 3 нафар ба тарзи таҳсилоти буҷавӣ, 18 нафар ба тарзи таҳсили шартномавӣ донишкадаро хатм намуданд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки барои баланд бардоштани малакаву маҳорати омӯзгорони донишкада бо як қатор донишгоҳҳои байналмилалии кишварҳои Русия, Белоруссия ва кишварҳои аврупоӣ созишнома ба имзо расонида шудааст ва дар ин давра  як қатор омӯзгорони донишкада ба кишварҳои Русия, Ӯзбекистон ва Норвегия сафар намуда, бо таҷрибаи муосири таълимгоҳҳои олии Иттиҳоди Аврупо шинос ва соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ гардиданд.

Таъкид карда шуд, ки дар ин давраи ҳисоботӣ факултетӣ иқтисодиёти саноатии донишкада ба зеҳни сунъӣ ивази ном намуд ва ҳамзамон барои ҷавобгӯ будани донишҷӯён ба бозори меҳнат ва омода намудани  мутахассисони варзидаи соҳаи саноат дар донишкада як қатор ихтисосҳои нав таъсис дода шуд, ки дар соли таҳсили 2022-2023 довталабон метавонанд, он ихтисосҳоро интихоб намоянд.

Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба як қатор суолҳои рӯзноманигорон посух дода, иттилоъ дод, ки дар оянда дар нақша гирифта шудааст, ки сатҳу сифати таълим баланд бардошта шавад ва дар донишкада як қатор озмоишгоҳҳои нав таъсис дода шавад, то имконияти донишандӯзӣ ва пажӯҳишҳои илмӣ осон гардад.

 

Шуъбаи иттилоот