Нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он аз фаъолияти шашмоҳаи соли хониш наҷитагирӣ карда шуд. Нишасти матбуотиро муовини ректор оид ба корҳои таълим (муовини аввал) Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, муфассал дар бораи фаъолияти шашмоҳа маълумот пешниҳод намуданд.
Насриддинов З. иттилоъ доданд, ки дар давраи шашмоҳаи ҳисоботи 2 нафар омӯзгорон рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд, бо 16 корхона шартномаи ҳамкорӣ тамдид карда шуд ва бо 6 корхонаи истеҳсолӣ шартномаи нави ҳамкорӣ баста шуд. Ҳамчунин, иттилоъ доданд, ки дар заминаи Парки технологӣ- инноватсионӣ дар донишкада бори аввал илм дар истеҳсолот татбиқ карда шуд. Пажӯҳишгарони донишкада дар Тоҷикистон бо истифода аз маҳсулоти хоми ватанӣ травертини моеъ истеҳсол намудаанд ва ҳамчунин аз базалт оҳан ҳосил намуданд, ки ин таҷриба дар кишвар нодир мебошад.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки имсол ҳамаи хатмкунандагони донишкада бо ҷойи корӣ таъмин карда шуданд.
Дар зимн ишора карда шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати чинии ТВЕА шартнома бастааст, ки онҳо айни замон ба 5000 мутахассис ниёз доранд ва донишкада хатмкунандагонро ба ин корхона низ мефиристад.
Сипас, рӯзноманигорон аз рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”, “Суғд ҳақиқати”, “Согдийская правда”, “Маорифи Тоҷикистон”, “Паёми Бӯстон”, АМИТ “Ховар”, радиои “Замон” ШРТ “Азия”, ТВ “СМ-1″, ТВ”Суғд”, ТВ “Ҷаҳоноро” роҷеъ ба натиҷаи корҳои ободонӣ, қабули донишҷӯён аз кишварҳои ҳамсоя, раванди таълим, ихтисосҳои нав, омодагӣ ба соли таҳсил, омодагӣ ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шашмоҳи охир суолҳо доданд.
Дар умум Насриддинов Замониддин ва дигар муовинони ректор ба зиёда аз 35 саволи рӯзноманигорон посух доданд.
Дар интиҳои нишасти хабарӣ рӯзноманигорон ҷиҳати ҳамкориҳои судманд бо нашрияҳои вилоят ба омӯзгорони донишкада изҳори сипос намуданд.

 

Шуъбаи иттилоот