ДУШАНБЕ, 14.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январ то 9 сентябр бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат ва баланд бардоштани шавқу рағбати онҳо ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ Универсиадаи патентии авруосиёӣ- «Нигоҳ ба сӯи оянда» баргузор мешавад. Дар ин бора аз Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Барои иштирок дар универсиада толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ, миёнаи касбӣ, олӣ, инчунин дигар шахсони ҳавасманди аз 10 то 25-сола даъват карда мешаванд.