НЕСТ БОД ТТЭ ҲНИ

Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кўмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.
ЭмомалӣРаҳмон
Пушида нест, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта то ҳол ба назар мерасад. Ин моро ҳушдор медиҳад, ки то ба хулоса оем ва дарк намоем, ки омилҳои барангезандаи, ки наву адоватӣ динӣ ва ҳамзамон миллию маҳаллӣ дар ҷомеаи мо то ҳол пурра решакан нашудаанд.
Имрўз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.
Айни замон шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд. Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти марговар, харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад.
Имрӯз ҳар як фардӣ ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гунна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрвандӣ бо номуси миллат мебошад
Биёед, мардумони даврони соҳибистиқлол зиракию хушёриро аз даст надода баҳри он кушем, ки соҳиби илму маърифат, ихтисоси хуб гашта барои истиқболи 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахри ободию созандагии ватанамон саҳмгузорем.

Норбобоева Г.Б.

Омӯзгори ДКМТ