НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ

Воқеаву ҳодисаҳои мухталифи ҷаҳони имрӯза собит месозанд, ки проблемаи терроризми байналмиллалӣ ва экстремизм яке аз масъалаҳои доғи рӯз боқӣ мондааст ва ҳал намудани ин мушкилӣ танҳо дар ҳамбастагии қудрат ва имконияти дохилию хориҷии кишварҳои ҳампаймон имконпазир мегардад.
Имрӯзҳо дар як қатор давлатҳои олам ҷангҳои харобиовар идома доранд, ки боиси афзоиши шумораи қурбониён ва дигар проблемаҳои иҷтимоӣ гардидаанд. Ҳарчанд тамоми кишварҳо барои пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлуби замони муосир – терроризм ва ифротгароӣ тадбирҳо меандешанд, вале, мутаассифона, хатари он беш аз авҷ гирифта истодааст.
Илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони камсавод маҳсуб меёфт. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд гурӯҳҳои манфиатҷӯ дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм гуногун мебошанд. Аз ҷумла, сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, моддӣ, идеологӣ, хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ, пайдоиши шавқ ба фаъолияти нав, камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ, сатҳи пасти фарҳанги иттилоотӣ, фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва дигар омилҳо мебошанд.
Боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиқоди динии ростгаро дар байни ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд. Онҳо ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор- ақли худро ба ҳилаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллат ва давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддасоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳони миллати тоҷик имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд.
Терроризм вабои аср маҳсуб гардида, дар манотиқи мухталифи ҷаҳон бо даҳшатафканию қатлу бераҳмиҳои гӯшношунид хисороти ҷонию молӣ ва харобкории мавзеъҳои таърихиро ба бор овардааст. Амалҳои табоҳкоронаи террористон ба мисли тори анкабут ба дини мубини ислом печида, аз номи он ҳазорон ашхоси бегуноҳ ва ҳатто занону кӯдаконро ба коми марг фиристодаанд. Дар мазҳари ом ҳодисаи ба қатл расондани модар аз дасти фарзанди нохалаф намунаи ошкори он аст, ки ягон созмону гурӯҳи террористӣ на танҳо ба дини ислом ва арзишҳои ҷаҳонӣ ва инсоният рабт надошта, сатҳи ниҳоии ваҳшонияти онҳоро нишон медиҳад.
Бо назардошти паҳлуҳои гуногуни масъала, ба хулосае омадан мумкин аст, ки нақши аҳолӣ аз ҳар ҷиҳат дар самти пешгирии терроризму экстремизм ва бартарафсозии оқибатҳои ногувори он, махсусан оид ба ошкор кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва шахсони ҷиноятпеша, пешгирии ҳодисаҳои нохуши террористӣ, аз роҳи бад баргардонидани ҷавонон, муҳофизати Ватан ва арзишҳои миллӣ, таъмини оромиву осудагии диёр ва ҳимояи манфиатҳои бениҳоят муҳим, зарурӣ, калидӣ ва ҳатто ҳалкунанда мебошад.
Мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика

Туев Ш.Ш.