Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро падидаҳои номатлуби замони муосир ба ташвиш овардааст ва яке аз ин падидаҳои номатлуби асри мо ин зуҳури гурӯҳҳову созмонҳои террористиву экстремистӣ мебошад.
Баҳри муқовимат ба равандҳои манфии ҷомеаи навин ва пешгири намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҳамчунин риояи талаботи муассисаҳои таълимӣ дар факултети электромеханикаи ДКМТ дирӯз вохӯрии садорати факултет Эгамов М., сардори шуъбаи тарбия Азизов Қ., ва дигар намояндагон бо мураббиён ва донишҷӯёни факулта гузаронида шуд.
Дар ҳамоиш нахуст Эгамов М суханронӣ намуда, донишҷӯёнро аз вуҷуди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва хатари ғояҳои бегона огоҳ намуд.
Ҳамзамон дар ин росто сардори шуъбаи тарбия Азизов Қ. Низ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ҷавонон бояд аз ҳоло барои ояндаи орому осуда ва суботи солим замина гузоранд ва талош намоянд, ки ғояҳои бегона ва андешаҳои носолим бар онҳо ғалаба накунад.
Ҳамчунин Саидов А. устоди Донишкада дар мавзӯи “ Терроризм ва экстремизм хатари бузург” суханронӣ намуда, моҳиям ва мақсади гурӯҳҳои террористиро аз дидгоҳи илмӣ баррасӣ кард.