“Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Мусаллам аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишвар аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмиллалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабори ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти аҳолии осоишта, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Аз таърихи омӯзиш маълум гашт, ки зуҳуроти терроризму экстремизм тӯли солҳои зиёд дар миёни пайравони динҳои гуногуни насронӣ, исломӣ, будоӣ вуҷуд доштааст. Баъди шикасти “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ ташкилотчиёни ҷангҷӯи гурӯҳҳои ифротӣ мехоҳанд давлатҳои Аврупоро ба майдони амалҳои ноҷои худ табдил диҳанд ва ҷавонони гумроҳзадаро ба доми худ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ кашида бошанд.
Тоҷикистони тамаддунофарӣ мо низ бар зидди ин гурӯҳҳои даҳшативу ифротист. Аммо чихеле, ки ба ҳамагон маълум аст дар мамлакати биҳиштосоӣ мо низ чунин гурӯҳҳои ифротӣ зери ниқоб бо номи Ҳизби наҳзати исломӣ фаъолият доштанд. Мақсади ягонаи онҳо вайрон намудани мафкураи аҳолии осоишта, дар зеҳну шуури мардум камранг сохтани арзишҳои дунявӣ мебошад.
Бинобар дур будан аз арзишҳои дунявию донишҳои ҷаҳонишавӣ ё шахсиятҳои дорои ҳассосияти баланди динӣ, яъне мазҳабианд ба доми гурӯҳҳои террористӣ чун Ҳизби наҳзати ислом меафтанд. Алалхусус ҷавонон фирефтаи гапҳои бардурӯғ гашта асири ин гурӯҳҳои радикалӣ мешаванд. Моро зарур аст, ки кору фаъолияти разилонаи терроризми байналмилалиро таҳқир намуда баҳри фароҳам овардани фазои ором, эҳтиром ба манфиатҳои сулҳҷӯёна ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризму экстремизм, ки вабои аср ба ҳисоб меравад камари ҳиммат баста бошем. Амалҳои ноҷо ва афкори хоинони давлат, террористон, ки манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд ва сохти давлатие, ки онҳо ҳимоят мекунанду ба андешаашон ҷавобгӯи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад мо бояд тарафдорӣ нанамуда, баръакс бо асоси ҳуқукӣ, ки як қатор санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул намудааст кору фаъолият намоем.
Инчунин аз гардиши ғайриқонунии маводи муҳаддир, ки яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризму ифротгароӣ мебошад ҳушёр буда дар мубориза алайҳи он чораҳои зарурӣ ва роҳандозии тадбирҳои судмандро аз ҷониби ҷомеаи байналмиллалӣ дастгир бошем. Барои ҷавонон шароитеро муҳайё созем ва онҳоро тавре тарбия намоем, ки дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда дар ҷомеа барои соҳиб шудан ба номи нек муваффақ бошанд.
Юсупов Хуршед
мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ