“Тоҷикистон талошҳои худро вусъат бахшида, дар самти муборизам самарабахш бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир, чун пештара шарики табии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақа хоҳад буд”.
Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26.12.2018
Дар ҷаҳон имрӯз падидаҳои манфӣ хеле зиёд аст ва яке аз падидаҳои номатлуби асри мо ин зуҳури гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро мебошад, ки зери барномаҳои мазҳабгароиву хусусияти динидошта худро муаррифӣ мекунанд. Ҳарчанд боз мақсадҳои диграе ҳам ҳаст, ки зери ниятҳои нопоки ин гурӯҳҳо маҳфуз мондааст ва танҳо пас аз иҷро онҳо ошкор мегарданд.
Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо чанд ҷиҳат аз ҳамдигар фарқият доранд ва ҳамааш ҳам зери як ливо баромад намекунанд. Масалан созмони террористии “Давлати исломӣ” барномаи худашро бунёди Хилофати исломӣ унвон кард ва харитаи сиёсии хилофаташро, ки анқариб қисме аз сайёраи заминро дар бар мегирад, муаррифӣ намуд. Аммо тавре, ки медонем созмони террористии “Давлати исломӣ” дар чанд соли фаъолияташ такя ба бозори ҷаҳонии нафт намуда, давлати Сурияро ҳадаф қарор дод ва нахуст чоҳҳои нафти ин кишварро дар ихтиёри худ қарор дод, то ба тиҷорат даст ёбад ва барои чанд муддат дар ин масири муваққатӣ комёб низ шуд.
Албатта, тавре, ки хуб медонем ин гурӯҳҳову созмонҳои ифротгаро ва тундрави асри мо бештар аз ҷониби абарқудратҳо ва давлатҳои алоҳида сармоягузорӣ мешавад ва бештар ҳадафҳои истисмориву ваҳшониятзадагиро ба дунбол доранд, ки аз амалиётҳои ин созмонҳои террористӣ мо тариқи расона дар Сурияву Афғонистон ва Ироқу Яман хуб огоҳ ҳастем. Мақсади аслии ин гурӯҳҳо ин паҳн намудани тарс ва ҷой додани андешаи ваҳшоният дар мафкураи мардум мебошад.
Ҳарчанд таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ин гурӯҳҳо аслан ба дину мазҳаб ягон рабте надоранд, лек ин созмонҳои террористӣ барои маҳбубият пайдо намудан, теъдоди аъзоёнро зиёд кардан бештар аз ҷонибдории ин ё он мазҳабу равия истифода менамоянд, то бештар сафи аъзоёни худро зиёд намоянд.
Онҳо технологияи махсуси мафтунсозиро аз тариқи суханони мазҳабиву динӣ эҷод намудаанд, ки тибқи маълумоти мутахассисон дар 13 дақиқа як нафарро метавонанд ба пуррагӣ ба ҷониби худ гардонанд, ки ин бисёр ҳам хатарнок аст.
Омилҳои психологии таъсиррасон ба мафкураи инсонро гурӯҳҳои террористӣ хуб истифода мебаранд, то он ҳадде, ки ҳатто дар қатори ин гурӯҳҳо маргталабони ихтиёриро дидан мумкин аст, ки бе ягон шакку шубҳа худро қурбон менамоянд.
Қайд кардан зарур аст, ки ин раванди гумроҳсозиро созмонҳои террористӣ махсус истифода менамоянд ва солҳо зарур меояд, ки як инсонро пас аз мағзшӯӣ шуданаш аз тарафи ин гурӯҳҳо ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонӣ. Ҳарчанд илми тибби замони муосир ба ин масъала хулосаи амиқро набаровардааст, аммо мешавад хулоса кард, ки ба зудӣ як гирифтор ба ин гуррӯҳҳоро намешавад ба ҳаёти осоишта баргардонид.
Мисоли равшани ин гуна афрод ва созмонҳои террористӣ аъзоёни ТЭТ ҲНИ шуда метавонанд, ки дар чанд соли фаъолияти худ аз солҳои 90-уми асри гузашта шурӯъ намуда то ба ҳол ба ҳолати вазнини ваҳшатафканӣ ва ғайриинсонӣ гирифтор ҳастанд. Бубинед аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар кишвар имконияти хуби зиндагиву фаъолият доштанд, аммо мафкураи кайҳо боз ифротишудаашон нагузошт, ки ҳамчун инсон озодона зиндагӣ кунанд. Ва ҳамин буд, ки ин аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо роҳбарии яке аз мағзшӯишудагони худ даст ба табаддулоти давлатӣ заданд ва хостанд, ки дубора ҳаёти осоиштаи миллати тоҷикро нобуд созанд. Аммо хушбахтона, ки аз тарафи мақомоти қудратӣ безарар гардонида шуд ин гурӯҳи табаддулотчиён ва роҳбари ТЭТ ҲНИ бо шуморе аз аъзоёнаш ба хориҷ фирор намуд, то аз ҷавобгарӣ дар назди қонун вораҳад.
Тибқи омори мавҷуда танҳо аз соли 1997 то соли 2015 дар қаламрави кишвар ТЭТ ҲНИ зиёда аз 30 амали террористиро анҷом додааст, ки барои миллати тоҷик ин хиёнат нобахшиданист.
Ҳоло аъзоёни ин гурӯҳи террористӣ дар хориҷ фаъолият доранд ва ба ҳуҷуми иттилоотӣ гузаштаанд ва мақсадашон ҳам тариқи паҳн намудани овозаҳои бардурӯғ гумроҳ сохтани насли ҷавон мебошад, ки ин бениҳоят фалокатбор аст.
Нахуст ин террористони наҳзатӣ аз усулу одоб ва рафтори неки инсонӣ огоҳ нестанд ва соният ин наҳзатиёни гумроҳ аз мактаби террористии созмони “Ал-қоида” дар Афғонистон гузаштаанд, ки хеле хатарнок аст.
Аз ин лиҳоз, пешниҳод карда мешавад, ки барои мубориза бо ин тоифаи бадкеш ва бисёр ҳам манфур бояд “сипари иттилоотӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет” таъсис дода шавад ва барои гумроҳ нагаштан ва осеб надидан аз андешаҳои ботилӣ гурӯҳҳои террористӣ ҷавононро бояд огоҳ намуд.
Ҳоло дар шароити кунунии ҷаҳони муосир мушкил аст бо ҳама равияҳо ва гурӯҳҳои тундрав муборизаи яксон бурд. Зеро аксарияти ин созмонҳои террористӣ ҳадафҳои мухталиф ва барномаҳои маҳбубсозии гуногунро доранд ва дар муқобили ин барномаҳо бояд барномаҳои ҳимоявӣ бошанд, то мардум ва махсусан қисми осебпазирӣ ҷомеа-ҷавонон аз ин ақидаҳои олами ваҳшоният ва асримиёнагӣ ҳимоя карда шаванд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар бисёр маврид баъзе аз давлатҳои ҷаҳон дар мубориза бо терроризму экстремизм сиёсати дугонаро пеш гирифта, барои ҳадафмандона муқовимат намудан ба пуррагӣ аз худ дарак намедиҳанд, ки ин оқибати хуб надорад.
Ҷомеаи ҷаҳониро зарур меояд, ки баҳри ба таври комил решакан намудани чунин падидаҳои номатлуб ва зуҳуроти даҳшатафкан аз муборизаи дастаҷамона истифода намояд.
Қозиев К.С.
муовини ректор оид ба таълим