ТОҶИКИСТОН — САРЗАМИНИ ПУР АЗ ГАНҶ. Вале боигариҳои он кам омӯхта шуда, истихроҷу коркарди онҳо ба мутахассисони баландпоя ниёз дорад

ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола декабр дар Тоҷикистон Рӯзи геологҳо таҷлил мегардад. Геология яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта,  рушди он дар шароити кунунӣ хеле муҳим мебошад. Бахшида ба ин сана хабарнигори АМИТ  «Ховар» бо Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, профессор Бахтиёр МАҲМАДАЛӢ  суҳбат намуд. 

АМИТ «Ховар»: — Донишкадаи кӯҳию металлургӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи геология чӣ тадбирҳо андешидааст?

Бахтиёр Маҳмадалӣ: — Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 таъсис ёфта, ба таълиму тарбия ва омӯзонидани мутахассисони баландихтисоси соҳаи геология нигаронида шудааст.

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар назди факултети корҳои кӯҳӣ кафедраи «Геология ва корҳои нафту газ» фаъолият менамояд, ки барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос (геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, коркард ва истифодаи конҳои нафту газ) дар соҳаи геология саҳми арзанда мегузорад.

Соли равон дар донишкада оид ба ташкили факултети муштараки геология бо Донишгоҳи геологӣ-иктишофии ба номи Серго Орҷоникидзеи Федератсияи Россия гуфтушунид доир шуда, ҷонибҳо розигии худро баён доштанд.

Имсол дар Донишкада чорабиниҳои зиёди илмӣ тариқи онлайн ва офлайн баргузор гардиданд. Чорабиниҳои илмии донишкада ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, барномаҳои стратегии давлатиро фарогиранд.

Дар ин давра доир ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», «Саҳми фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон», «Муаммоҳои ташаккули металлургияи рақамӣ ва мошинсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, «Роҳҳои ҳалли муаммоҳои энергетикӣ, мошинсозӣ ва расидан ба ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияҳо гузаронида шуданд.

Дар кафедраи геология ва корҳои нафту газ бахшида ба ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар ва иҷрои Барномаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таҳти унвони «Ҳафтаи илм ва амал» барномаҳои илмӣ-амалӣ баргузор шуданд.

Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Акитаи Ҷопон ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон шартнома ба имзо расид. Тибқи шартнома, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, омода намудани мутахассисони рақобатпазир, мубодилаи донишҷӯён, магистрон ва аспирантон ба нақша гирифта шудааст. 

АМИТ «Ховар»: — Бигӯед, ки дар Тоҷикистон сарватҳои зеризаминӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат  чӣ нақш доранд?

Бахтиёр Маҳмадалӣ: — Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ ташкил ва рӯ ба инкишоф ниҳод. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли сурб, руҳ, тилло, нуқра, мис, қалъагӣ, сурма, симоб, флорит, булӯри кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо, ба мисли лаъл, лоҷувард, фирӯза ва ғайра, ҳамзамон намаксанг, масолеҳи сохтмонӣ, ангишт, нафт, гази табиӣ, обҳои маъданӣ ва ҳоказо ба роҳ монда шудааст,  ки ба манфиати хоҷагии мамлакат ва пур шудани қисми буҷети ҷумҳурӣ равона карда шудааст.

Бо сабаби дар ҷаҳони муосир бошиддат истифода бурдани захираҳои ашёи хом ва дар натиҷаи тақсими нобаробари талаботи доимафзояндаи саноат ба ин захираҳо мушкилиҳои зиёде миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо шуда истодаанд.

Кунун дар тамоми мамолики ҷаҳон кофтукови геологӣ, таҳқиқоти нави ҷустуҷӯии захираҳои минералию хомро ба тариқи васеъ ба роҳ мондан аҳамияти калон дорад ва бо истифода аз технологияи муосир метавон дар ин самт ба натиҷаҳои назарраст даст ёфт.

АМИТ «Ховар»: — Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «Тоҷикистон сарзамини пур аз ганҷу сарватҳои табииву зеризаминӣ мебошад. Аммо ин боигарӣ то ҳанӯз кам омӯхта шудааст ва барои истихроҷу коркарди онҳо ба кадрҳои баландихтисос ниёз дорад». Дар ин самт чӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд?

Бахтиёр Маҳмадалӣ: — Бо ин мақсад барои инкишофи илм ва наздик намудани он ба истеҳсолот якчанд тадбирҳо андешида шуда буданд. Аз ҷумла, таъсиси якчанд донишгоҳу донишкадаҳои нави илмӣ-амалӣ, озмоишгоҳҳо, стансияҳои озмоишӣ, истеҳсолоти таҷрибавӣ бо усулҳои нави техникӣ, такмил додан ва ихтироъ кардан, ба ҳисоб гирифтан ва созмон додани қувва ва воситаҳои илмӣ ва  ғайра, ки барои баланд бардоштани қувваҳои истеҳсолии мамлакат ба роҳ монда шудаанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудаанд, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошанд.

Ҳоло ҳамагӣ 27 фоизи захираҳои зикршуда истихроҷ ва коркард шуда истодаанд, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мо қонеъкунанда нест.

Ҷиҳати рушди саноати маъдан ва дигар соҳаҳои саноати коркард соли 2021  Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021 – 2030 қабул гардидааст.

Яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодиёт ва саноати мамлакатро, пеш аз ҳама, оқилона истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ ба манфиати хоҷагии халқи мамлакат, баланд бардоштани вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ ва некуаҳволии мардум ташкил медиҳад. Ин аст, ки Пешвои миллат дар ҳар суханронӣ ҷиҳати пурқимат будан, сифатан истеҳсолу истеъмол кардани маъданҳои нодир ва канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ ҳамеша ёдовар мешаванд.

Ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва шогирдони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои амалисозии сиёсати маорифпарварона ва бунёдкоронаи Сарвари давлат пешсафанд.

Дар ин ҷода ёдоварии як далел кофист, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон беш аз 18 ихтисоси нав кушода шудааст, ки ҳамаи ин ихтисосҳо барои ҷомеаи соҳибистиқлоли мо заруранд.

АМИТ «Ховар»: — ташаккур барои суҳбат.

Мусоҳиб
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»