НА ҲАР ФАРЗАНД ОДАМ ШАВАД…

Ҳарчанд имрӯз дар расонаҳо дурӯғи наҳзатиёни ифротӣ зиёд аст ва сиёҳкориву фитнаангезияшон дучанд аст, лек ҳанӯз ҳам ин тоифаи бадсиришт худро мусалмону намояндаи ҳизби исломӣ меҳисобанд, ки як шармандагии беш нест. Зеро дурӯғ маҳз аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад ва мувофиқ набудани рафтору гуфторашон ба рукнҳои мусалмон як далели раднопазири ин гуфтаҳост.

Тайи чанд рӯзи охир онҳо дар сомонаҳои худ, ки бо пули хоҷагони хориҷияшон  ба кор андохтаанд роҷеъ ба сафари Роҳбари давлат ба кишварҳои аврупоӣ мавод ва ахбори бардурӯғро нашр намуда ба сиёҳ кардани Тоҷикистон пардохтаанд, ки идомаи ҳамон хиёнатҳояшон ба миллат мебошад.

Хиёнаткорони наҳзати қабл аз оне, ки ба кори шоистае даст бизананд ва амали созандаеро бар нафъи миллат анҷом диҳанд, онҳо ба сиёҳкориву рафтори ношоиста даст зада, мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст карданӣ мешаванд, ки як хиёнати рӯирост аст.

Хиёнат ва ҷиноятҳои ин тоифа бесобиқа аст, аммо чӣ кунем, ки ин бадкешон онро дар хуни худ ҷой кардаанд ва бо ҳамин  хиёнату разолат ба воя расидаанд ва ҳаргиз ба роҳи ростӣ намераванд. Баъзан инсон ба андеша меравад, ки чӣ хел мумкин аст, инсони солим бар зарари миллат ва давлати худ кор кунад?

Ҳамеша зеҳнамро чизе фаро мегирад, ки намехоҳам атрофаш мулоҳиза кунам, аммо рафтори нодуруст ва амалҳои террористии наҳзатиён водор мекунад, хомӯш намонам.

Формулаи наҳзатиён хиёнат бар ивази пул ва ватанфурӯши бар ивази пул ба ҳама маълум аст, аммо чаро маҳз хиёнат ба ватан ва миллат???

Маълум мешавад, ки ин тоифаи бадниҳод аз расму таомул ва қонуниятҳои террористӣ ва олами ҷиноят бештар баҳра бурдаанд ва қонунҳои башариятро, ки инсонгариву мардонагиву муҳаббат ба ватан аст, умуман намедонанд ва аз он хабар ҳам надоранд.

Натиҷаи тарбияи бад ва беназорат гузоштани фарзанд ба ана ҳамин ҳолат оварда мерасонад, ки мо дигар наметавонем ин тоифаи наҳзатиёни палидро фарзанди одамӣ ҳам ном барем. Инсон бояд дар рӯҳия хештансиносӣ тарбия ёбад на дар рӯҳияи пулпарастиву хиёнатафзоӣ.

Роҷеъ ба сафари Пешвои муаззами миллат, ки ин модинаандешони наҳзатӣ мублиға мекунанд, як сафари муқаррарист ва ҳатман ҳар як сафару дидори Сарвари давлат ба манфиати миллату давлат аст ва мо инро борҳо шоҳид будем. Аммо наҳзатиён чаро аз ин ҳангома месозанд, маълум аст, зеро ин бор ҳам боз бо нияти рушди ҳамкориҳо агар суҳбат равад, Тоҷикистон боз як қадам ба пеш меравад ва наҳзатиёни лаин аз ин хушашон намеояд. Зеро онҳо нотавонбин ҳастанд ва чашми дидани ободиву созандагии Тоҷикистонро надоранд. Миллат бояд ба ин тавтеаву дурӯғҳои онҳо пай барад ва туф бар ин тоифаи ғуломтабиат хонад.

Мирзомидинов И.М

мудири кафедраи таҷҳизот

ва технологияи мошинсозӣ